Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дили маро ваҳм зер кард. Аммо дурусттар фикр кунам, гапи бобоям ба ҳақиқат рост намеояд. Аскари сурхи аз ҳама зўрро, аз ҳеҷ кас наметарсидагиро гўрг мехўрдаст! Бобоям кино намебинанд-дия.
— Гург аскарро хўрда наметавонад! — эътироз кардам ман. Ба ҳар як даъвои он кас розӣ шавам ҳам, ба ин сухан тан дода наметавонистам. — Аскар фашистро мепаронаду аз гург метарсад?!
— Чӣ, аскар шох дорад? Вай ҳам бандаи худо-дия!
— Агар вай аскар бошад, гургро мепаронд. Аскар не!
— Милтиқаш набудаст. Ханҷар доштаст.
— Нагуфтам! Бемилтиқ бошад, вай аскар не!
— Хайр, ба гумонат вай кӣ буд? — бобоям бо истеҳзо ба ман нигаристанд.
— Ман чӣ донам? Аммо вай аскар не! — Аскари сурхро ин хел паст задани он кас ба ман намефорид.
— Хайр, ба ҳар ҳол, аз аскарӣ меомадаст, — қадре паст фуромаданд бобоям.
— Чаро танҳо ба раҳ баромадаст? — чунон ғамгин будам, ки овозам ба гўшам бегона расид.
— Дар рўзи равшан-а! —бобоям саволи маро нашуниданд.
— Аз аскарӣ омада, ба район фуромадасту улав наёфта, пиёда ба роҳ баромадаст. Дар роҳ аз пешаш Исмати хаткашон баромада, зорӣ кардааст, ки аз роҳ гардад, не гуфта, якравӣ кардаст. Гургон аз паи Исмат ҳам тохтаанд, аммо аспаш халос кардаст. Ба аспаш расида натавонистаанд. Аскарбача, раҳматӣ, йигити базарда будааст, аз раҳаш нагаштааст. «Фашистро бурда ба хонааш монда омадаму аз тарси гург аз раҳ гардам?
Не-е! Бепарво бошед, ханҷар дорам», гуфтаст. Ин не, он не, аҷал расидагӣ,— бобоям бо дард боз оҳе кашиданду «ё оллоҳ»
гуфта монданд. Баъд халачўбро аз гиребонашон дароварда, тахтапушташонро хориданд.
— Баъд чӣ шудаст?
— Чӣ мешуд, бечорара гург хўрдаст. Устухонҳояш мондаст. Гург ҷомадонашро ҳам лах-лах кардаст.
— Бо ханҷараш назадаст охир? — Акнун аз ҳад зиёд ба даҳшат афтода, харамро аз паҳлўи хари бобоям мерондам.

пешина
аз 119
навбатӣ