Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Қарибиҳои намози дигар аз район мошин катӣ одамон омада мебинанд, ки дар таҳи кўҳ як гург дароз-дароз уллос мекашад. Мошин наздик меояду гург мегурезад. Нигаранд, ки устухони одам, ҷомадон ва як гурги дигар мурда... Вақте ки гургон дармеафтанд, ҷавонмард башаст якеша ханҷар мезанаду теғ ба устухони гург дармонда, дигар онро кашида гирифта наметавонад. Гурги дигар аз қафо гирифта, бечораро аз пой афтондаст.— Пас аз каме хомўшӣ бобоям боз илова карданд:
— Устухонҳоша ғун карда дар як линга ба хок супурданд.
Акнун ин ҷоҳо ба назари ман ниҳоят шум ва даҳшатангез гаштанд. Дилам мехост, ки мурғе шуда парвоз кунаму дар як мижа задан аз ин дараи бехосият берун равам. Саволҳои бисёре диламро мефишурданд, аммо аз пурсидан ибо мекардам.
Фаҳмидан мехостам, ки гургҳо ба мо ҳам ҳамла карда метавонанд ё не? Гоҳе ба назарам чунин менамуд, ки дар паси ҳар як сангу ҳар як бутта гурге роҳи моро мепояд.
— Шумо аз ин раҳ ягон бор шабона гузаштаед? — Беихтиёр савол медиҳаму метарсам, ки боз ягон ҳодисаи даҳшатнокро нагўянд.
— Ягон бор гуфтӣ? — мисли ҳамеша бобоям аввал саволи маро такрор пурсида, баъд аз дур гап сар мекунанд.— Як замонҳо аз ин раҳ одам на шаб гузашта метавонист, на рўз.
Макони дузду раҳзан буд. Аз инқилоб ду сол ё се сол пеш амакама дар ҳамин раҳ барои ним пуд гандум дуздон кушта, ба чоҳ партофта буданд. Э, аҷаб замонҳое буд. Дар Миёнкол чоряккорӣ карда, каму беш ризқу рўзӣ ёфтам, аммо илоҷи ба хона овардан набуд. Ба маслиҳат сари зимистон кўчида, ба он тараф рафтем. Зимистона дар ҳамон ҷо гузаронда, сари баҳор боз ба деҳа омадем.
Бобоям ба хаёл рафта, хомўш шуданд.
Ман дадаамро пеши чашм оварданӣ шуда, ҳар қадар зўр задам, нашуд. Фақат қомати баландашон дар ёдам. Баъд дар хаёли худ дадаамро ба ягонтои он мардоне, ки аз ҷанг омада буданд, монанд карданӣ шудам. Не, ин ҳам нашуд. Агар баъзеи онҳо монанди дадаам лоғару қадбаланд бошанд ҳам, ба он кас монанд набуданд. Чаро монанд набуданд, намедонам.
Модарам мегўянд, ки дадаат аз бехобӣ ба ҷанг рафтанд. Як бор он касро духтурҳо гардондаанд. Пичингу таънаҳо шунидаанд, ба тўҳматҳо гирифтор гаштаанд.

пешина
аз 119
навбатӣ