Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сонӣ дадаам ариза додаанд.
Аризаашонро рад кардаанд. Дадаам боз ариза додаанд. Баъди ин ҳодиса хобпар шудаанд, шабҳо хобашон набурда, печутоб хўрда мебаромадаанд. Оқибат аризаашон қабул шудасту ба ҷанг рафтаанд.
— Ҳо, дар таҳи зов сиёҳира дидӣ? Ғор аст,— бобоям бо халачўби худ ба камари кўҳ ишора карданд. Аз ҳамин ҷа ба ғор даромада, аз болои деҳа мебароӣ. Деҳа дар ақиби ҳамин кўҳ.
Мо кўҳа чарх зада меравем.
Дар таҳи зови ваҳмангез сиёҳие ба назар мерасид, ки аз раҳ даҳани ғалбер барин менамуд.
— Даҳанаш хурду аммо дарун дароӣ, торафт васеъ шудан мегирад,— бовар накардани маро дида, шарҳ доданд бобоям.
— Шумо ягон бор аз ин тараф ба он тарафаш гузаштаед?
— Не, ман нагузаштаам, аммо ҳамин хел мегўянд. Даруни ғор торик, роҳ гашта намешавад. Солҳои инқилобу босмачигарӣ буд. Ман баҳору тобистон дар кўҳ кор мекардам.
Шудгор мекардам, тухм мепошидам, гандум медаравидам, хирман мекўфтам. Аз баландӣ ба деҳа роҳ гирифтани камондоронро аз дур медидаму як ғарамча алафи хушка алав мезадам. Мардуми деҳа дуда дида, бўғчаю бисоташон, духтару писарашон катӣ дар ҳамин ғор паноҳ мебурданд.
— Душман ба ғор даромада наметавонист?
— Ғайбдон шудаст-чӣ! Роҳи ба ғор мебурда чап, рафтан осон не. Даруни ғор торику ноҳамвор.
— Агар душман шабона ояд, чӣ кор мекардед?
— Шабона — осон... Ҳамин ки ба деҳа даромаданд, мардум дар торикӣ тез ҳисобашона меёфтанд... Аммо як шаб дар таҳи дари Намоз гуфтагӣ ҳамсояамон ногоҳ панҷ нафар савора дар китф милтиқу қаторвазна пайдо мешаванд. Намоз ҳамон шаб дар хона набудаст. Сардори даста овозаи ҳусни духтари уна шунида ошиқ гашта будаст. Духтараш ҳам духтар буд-дия, дар рўзи равшан агар бехост пеш ояд, парӣ мегуфтӣ.
Берўзӣ ҳусни худодод дошт. Ин хел ҳусна хосияташ кам мегўянд. Ана, баъд дар ҳасрати ҳамон духтар очаву додо адо шуданд. Ғами ҳамон духтар катӣ рафтанд.
— Савораҳо шаб омада чӣ кор карданд, аввал гўед.

пешина
аз 119
навбатӣ