Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бобоям ҳамеша ҳамин хел: гапи гуфта истодаашон мемонаду як нўги онро гирифта ғоз медиҳанду ғоз медиҳанд.
Хайр, хушрў будаст, ҳамин ҳам гап шуд.
— Савораҳо аз асп нафуромада, «Як коса об барор»
мегўянд. Зани Намоз об барорад, рад мекунанд. «Аз дасти Санам об хўрданӣ омадем, Санам об барорад» гўён, талаб мекунанд. Номи духтар Санам буд. Аз дасти вай обро гирифта мехўранду худашро ба асп савор шав мегўянд.
— Баъд чӣ шуд?
— Чӣ мешуд, духтар ҳам, савораҳо ҳам бедарак шуда рафтанд... Ҳа, воқеан, ба қарибӣ дараки духтарро ёфтанд: дар Мирзочўл бачаю качааш катӣ саломат будаст. Ба сардори савораҳо расида будаст.
Монанди аксар мўйсафедон бобоям ҳам гуфтани саргузашти худ, ҳодисаҳои дидаву шунидаашонро нағз мебинанд. Ба хотири он ки ман шунавандаи нағзам, дилгир нашуда гапашонро гўш мекунам, баъзе нозу нузи маро мебардоранд. Кунҷковона ҳар хел савол диҳам ё ба ягон гапашон розӣ нашуда, талош кунам, намеранҷанд. Агар аз ҳад гузаронам, «Оббо, маҳмаддоное! Хайр ҳеҷ гап не, гаҳ аз пир, гаҳ аз мурид-дия», гуфта мемонанд.
Роҳ қад-қади сой торафт боло мерафт. Кўҳҳои ин ҷо пур аз буттаҳои хордори каҷҷак, ҷо-ҷо бодом ба назар мерасид. Мо харҳоро ба ихтиёри худ мондем. Бобоям мегўянд, ки хар роҳи як бор гузаштаашро ҳаргиз фаромўш намекунад, дар шаби торик ҳам раҳгум назада меравад.
— Бобо, гург харро мехўрад, аммо ба асп зўраш намерасад-а?
— Баъзе аспон гургро мекушанд. Ба чашми худ дидаам.
— Не-е?!—ҳайрон шудам ман. — Асп гургро кушт?
— Кушт, кушт. Аввал қўшлагад зада, майиб кард. Гург гурехтанӣ шуд, лекин асп намонд, газида-газида кушт. Асп ҳам асп буд-дия! Акнун ин хел аспҳо намонданд.
— Хайр, гўед, ки ба ҳамин аспҳои мо зўраш мерасад ё не?
— «Аспҳои мо» гуфта ман аспҳои колхозу идораҳоро дар назар доштам, ки он солҳо дар ҳама ҷо кор мефармуданд, аз аробаи нон то ғаллаи ба фронт мефиристодагӣ ҳама чизро бо онҳо мекашонданд.

пешина
аз 119
навбатӣ