МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
— Ба зўрӣ зўраш намерасидагист, аммо мехўрад исқот.
Ҳар сол зимистон се-чор аспи колхозро мехўрад.
— Чӣ хел, зўраш нарасад ҳам, мехўрдааст! Гапатонро кас намефаҳмад.
— Зўраш намерасад, аммо мехўрад! Гург фиреб медиҳад.
Гургон аспро аз гала ҷудо карда, ба ягон баландӣ мебаранд.
Ҳамин ки асп аз баландӣ ба поён сарнишеб шуд, гург аз думи асп сахт кашида, сонӣ якбора сар дода мефиристад. Асп ба шиддат парчин шуда меафтад. Ҳамин ки афтод, дигар имкони бархестан надода, тала мекунанд.
Акнун мо аз тангнои кўҳ раҳоӣ ёфта, ба водӣ баромадем.
Баъд заминҳои лалмӣ, аз паси он боғу киштзорҳо пеш омаданд.
Дар сари роҳ ҳар ҷо-ҳар ҷо тутҳои каллаки пир монанди пирони қадхамидаи асобадаст гўё ба роҳ менигаристанд.
— Ишш!.. Иш-ш! — харашон аз роҳ истода – наистода бобоям худашонро таппӣ ба замин партофтанду харро пеш андохта, ду-се халачўб заданд.
— Ман ҳам фуроям?
Дили нохоҳам пурсиданам аз овозам ё оҳанги суханам маълум шуд магар, бобоям:
— Ҳай кардан гир, — гуфтанд. Баъди андаке илова карданд: — Ман ин раҳро пиёда гузашта, мўям сафед шуд. Як вақтҳо ду пуд гандум дар пушт аз шаҳр пиёда меомадам.
Устухони мо ба меҳнат сахт шуд. Ҳоло ҳам кор накунам, наҷунбам, пиёда нагардам, наметавонам, аз касал батар мешавам. Нафасам кўтаҳ шуда, сари синаам дард мекунад, сарам вазнин мешавад. Аз афташ, тану ҷони одам ҳам қонуни Ҳукумати Шўроро фаҳмидагӣ барин. Ҳар кас кор накунад, намехўрад мегўянд-ку!
Мо аз назди молхонае мегузаштем. Ду саги монанди хирс калон ва бадҳайбат ба сўямон давида, моро саросема карданд.
Бобоям пой ба замин кўфта, бо таҳдид «хап шав!» гуфтанду сагҳои наздикомада истоданд.
Дар сари чашма, ки марғзоре буд, ду-се аспи кишанзада мечарид. Ба димоғ бўи порую арақи ҳайвонот мезад.
— Бобо, говатон чандта? — пурсидам.
— Гов надорем, писарам. Говро кайҳо ба колхоз супорида будем, — маъюс иқрор карданд бобоям. Баъд шарҳ доданд: — Зимистони парерсол на ба худамон як ҷав хўрданӣ монд, на ба гов як пар каҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё