МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Ба колхоз дода, камтар ҷаву картошкаву сабзӣ гирифтем.
— Чаро тобистон алаф нағундоштед?
— Тобистон аз хона дур будам. Ҳамаи хирманҳои Коризи болоро ман бод кардам.
— Аз хирман чаро гандуму ҷав наовардед?
— Боракалло! — ба соддадилии ман хандиданд он кас.— Охир хирман — хирмани колхоз-дия!
Бобоям харашонро аз роҳ боздошта, бори онро, ки ба як сў каҷ шуда буд, рост карданд. Баъд расида омада, ба бори хари ман зеҳн монданд:
— Ба тарафи рост камтар зер кун.
Боз ҳар ду хомўш монда, ба фикру хаёли худ банд шудем.
Ман бобоямро, ки баҳор аз паси ҷуфтронҳо ба замин тухм мепошиданду баъд тобистон хирманҳоро паси ҳам кўфта, бод мекарданд, пеши назар овардам. Пеши назар овардам, ки чӣ гуна тамоми алафҳои марғзорро дигарон медараванду барои гови бобоям чизе намемонад.
— Бобо, говатон гўсола надошт? — ба ақиб рў гардонда боз пурсидам.
— Колхоз гўсолааш катӣ баркашида гирифт.
— Чӣ хел баркашида гирифт? — ҳайрон шудам ман.
— Ба тарозуи калон монда, баркашида гирифт. Сонӣ, ба ҳар килош ҳисоб карда, ба мо ҳақ дод. Мудири анбор Ҳосилкаҷова чӣ хел ҳисобу китоб кард, худаш медонаду худо.
— Шумо говатонро сер карда, баъд баред буд, ё гурусна бармекашад?
— Баъзеҳо ҳамин хел ҳам карданд, — хандиданд бобоям.
— Доштагӣ дег-дег атолаи оби раббано хўронда, баъд бурд. Ба авлоди мо ин хел корҳо намефорад. Худо аз ҳалолаш диҳад.
Бобоям чоруқ дар по шиппас зада, чолок қадам монда меомаданд. Пиёдагардии он касро дида, ман ҳам аз хар фуромадам. Рўз гашт карда, акнун аз ҷониби кўҳ шамолаки сард мевазид. Замин, ки ҳоло кўрпаи барфашро партофта, ба назари ман луч менамуд, гўё хунук хўрда меларзид. Сабза нав медамид, гоҳ-гоҳ бойчечаку сияҳгўш ба назар мерасид. Дар рўи шахҳои паҳн-паҳни сари роҳ аз оби борон кўлмакчаҳои беҳисоб пайдо шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё