Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гўё касе сангҳоро мисли сўрохи ангуштпона, баъзан аз он калон, баъзан аз он хурд, гоҳе дўлча ва ҳованча барин кофта, об пур кардааст. Ман ҳамаи ин аҷоиботи табиатро тамошо мекардам, аммо як тарафи ҳушам ба дадаам банд буд. Модарам мегуфтанд, ки дадаам аз ҷанг оянд, кор мекунанд, мо ҳам нағз зиндагӣ мекунем. Дадаам чӣ кор мекарда бошанд? Аҷаб не, одами калон шаванд, он кас хондагӣ-ку. Агар раис шаванд, нағз мешавад. Бачаҳо — ҳамаашон аз писари раис метарсанд, калонҳо ҳам метарсанд.
Одам кадом мактаба хонад, раис мешавад?
— Бобо, дадаам ҳам раис мешаванд?
Бобоям ба гапи ман хандида монданду гап назаданд.
— Хайр, гўед, чи хел одам раис мешавад?
— Бахташ тофтагӣ мешавад.
Бобоям майли гапзанӣ надоранд. Ба гапзанӣ хушашон наояд, ҳамин хел ягон чиз мегўянд. Агар ман раис шавам, ана ҳамон раиси «Фрунзе» Раҳимов барин мешавам. Ҳама ҳурмат мекунанд, «ҷони одам» мегўянд. Ба хурду калон баробар, ҳамаро бо як чашм мебинад, гуфта таъриф мекунанд. Ин чӣ гуфтагиашон бошад? Боз Раҳимов колхозро худаш сохтагӣ будаст.
— Бобо, тирамоҳ колхози шумо ҳам харбузаю тарбуз медиҳад?
— Хока.
— Моён як бор аз полези колхоз харбуза дуздидем.
— И-и!—бобоям бо табассум ба ман нигаристанд.— Дар қишлоқи мо дузд нест. Ҳар кас дуздӣ кунад, бурда зиндон мекунанд.
— Барои харбузадуздӣ ба зиндон намебаранд.
— Тухмдузд — шутурдузд мешавад мегўянд. Касе, ки дар бачагиаш харбуза дуздад, калон шавад, гов медуздад.
— Худатон ҳеҷ дуздӣ накардед?
— Не.
— Қасам хўред.
— Хайр, дар бачагӣ мева-чева дуздида бошам, дуздидагистам.
— Аз полези колхоз ҳеҷ чиз надуздидед?
— Не-е! — Бобоям шубҳаомез табассум карданд.

пешина
аз 119
навбатӣ