МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
— Дурўғ мегўед! — Аз табассумашон фаҳмидам. — Харбуза дуздидагистед? Гўед, бобо.
— Мон ҳамин хел гапҳоро.
— Не, гўед! — исрор кардам ман. — Чӣ метарсед, гўед. Ба ҳеҷ кас намегўям. Қавли пионер якта.
Бобоям хандиданду баъд ба гап даромаданд:
— Хайр, аслаш, ин дуздӣ ҳам набудагист? — баъд гўё худ ба худ мегуфта бошанд: — Аздусар, агар дар ин дунё иқрор нашавем, дар он дунё ночор иқрор мешавем, — гуфтанд. — Парерсол, баҳор ду моҳ то ҷавпазӣ рўи нонро надидем.
Аввалин хирмани ҷави колхозро кўфтем, бод кардем, ба нўҳ ҷувол бардошта фиристодему ду кас аз пасмондаи хирман ду кило-ду кило ҷав гирифтем. Ҳамон ҳам сангрезадор ки буд...
Баъд кадоме хабари инро ба раис расондаст. Як вақт кас монда ба идора ҷеғ заданду камтар дўғу пўписа карданд: одамон дар ҷанг хун мерезанд, барои ватан ҷон медиҳанду мо ин ҷо зиёнкорӣ мекардем! Ба ким-кадом осиёби душман об мемондем.
Ҳеҷ кас аз худи вай намепурсад, ки чор соли ҷанг мардум ҷояш омад, як пора карбос наёфт, ки ҷои айбашро пўшида, аз хона берун барояд, зану духтари ту аз куҷо куртаву лозимии оҳораш нашикастагию обаш начакидагӣ мепўшад?
Мо саргарми гуфтугузор ба роҳи аробагард баромаданамонро надониста мондем. Акнун роҳ аз байни боғҳо, қитъаҳои хурд-хурди заминҳои корам мегузашт. Роҳи аробагард қад-қади сой тўл кашида, монанди ресмони чигил тоб хўрдаву печида боло мерафт, боз чарх зада поён мефуромад, лаҳза ба лаҳза моро ба деҳа наздик мекард. Дар боғҳо олуча сап-сафед гул карда буд. Дар тирагии бегоҳирўзӣ байни дарахтони ҳанўз саросар сияҳшох ягон-ягон дарахтони навшукуфта ба шохашон чарбу кашидагӣ барин. Не, арўс барин... Арўсро бо чодири сафед печонда ҳамин хел мебиёранд.
— Ана, ин ҷо понздаҳ сол пеш як нишебии санглох буд, — бобоям ба қитъаи замини дар тарафи рости роҳ ишора карда, гап сар карданд. — Солҳои аввали колхозӣ буд, бо дасти худ онро замин кардам. Дар ин ҷойҳо то як пора замин ҳамвор шудан, шири аз модар хўрдаи кас аз биниаш меояд. Ҳамаи санги ин тавораро (бобоям ба тавораи начандон баланди аз қайроқсангҳои хурду калон чидагӣ, ки он заминро аз роҳ ҷудо мекард, ишора мекунанд) аз ҳамин замин чидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё