МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Хар катӣ хок кашондам. Ҳар сол чӣ қадар пору мерехтам! Эҳ-ҳе! Ҳар ҷо-ҳар ҷояшро ўра барин кофта, банд-банд хошок партофта гўр кардам.
— Барои чӣ?
— Пўсида, хок мешавад, заминро бақувват мекунад. Ку вай қуввату вай ғайрат? Акнун одамон ба замин меҳр надоранд. Замин соҳиб надорад... — Бобоям боз ким-чиҳо гуфта, ба сўи он замин менигаранд. — Нисфи заминро, ки харобтар буд, юнучқазор кардам, ба нисфи дигараш кунҷит корида, даҳ синтир кунҷит гирифта будам! Ана, акнун боз нокорам шуда рафт. Эҳ, ба чӣ машаққатҳо ҷўй канда, об оварда, ана ин тутҳоро шинонда, пайванд кардам. Афсўс...
Бобоям агар аз киштукору деҳқонӣ ё замину боғдорӣ сухан сар кунанд, ба ҳеҷ кас навбат намедиҳанд, ҷоғашон метафсад.
Ман зиқ мешаваму баъд ба суханашон гўш намекунам, ба фикру хаёли худ банд мешавам.
Ногоҳ аз хамгашти роҳ ду савор баромад. Ҳар ду ҳам савори аспҳои чун аспи сарлашкарҳо оростагӣ, ҳар ду ҳам марди фарбеҳ...
— Гардон! — бо изтироб амр карданд бобоям. — Аз раҳ барор!
Аз овози пуризтироби бобоям ман тамоман дасту по хўрдам.
Мо харҳоро ба канори роҳ бароварда, истодем.
— Ассалому алайкум! — гуфтанд бобоям даст пеш гирифта сархам.
Дар ҷавоб яке аз саворон, ки аспи сафеди зебоеро савор буд, аз роҳ истода пурсид:
— Ҳа, аз куҷо ба куҷо? Боз ин лақу луқи кӣ?
Гўё забонашро занбўр газида бошад, суханони он марди савор нимғурма мебаромад. Телпак ва гиребони палтояш аз пўсти қароқулии дорчинранг буда, ҷило медоданд ва ўро дар назари кас боз ҳам пурсалобат мекарданд. Аз рўи фарбеҳ ва тару тозааш маълум буд, ки шахси баландмартабаи ин ҷойҳо аст. Аспи ў гўё пар бароварда мепарида бошад, ба лаҷомро кашида истодани соҳибаш нигоҳ накарда, қарор нагирифта, тапар-тапар мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё