МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Савори дуюм онсўтар рафта, сари аспашро гардонда истод.
— Бачаҳои Неъматро аз шаҳр кўчонда овардем, раис... Ба шумо фуқарои нав. Ана, ин писарчааш, — ба ман ишора карданд бобоям.
Ман барои салом додан даҳон ҷуфт карда, ба рўи раис нигоҳ кардам, аммо вай ба ман эътиборе надод.
— Худаш чаро рафта наоварда, шуморо аз кору бор мононд? Кӣ шудаст вай?!
— Ба ҷуфтбарорӣ вақт ҳаст-ку, раис, — гуфтанд бобоям, ба рўи вай нигоҳ накарда. — Бекор мешиштам, хайр, равам гуфтам...
Ба бобоям раҳмам омад. Талабаи гунаҳгор барин дасту по хўрда, меларзиданд.
— Ба ҷуфтбарорӣ вақт будааст! — бо тамасхур сухани он касро такрор кард савор. — Равед, ба усто ёрӣ диҳед, омочу молаҳо тайёр не, тухмиро тоза кардан даркор.
Бобоям даст ба сина бурда «хуб шудаст, раис, хуб шудаст», гўён меистоданд. Дар назарам он кас чунон бечора, чунон оҷизу нотавон намуданд, ки аламам омад.
— Ба ман нигаред, — хитоб кард раис сари аспашро аз роҳ гардонда. — Ба ҳамон мўзаи афсарии Неъмат ҳаваси Ҷўрабеки мо рафтаст. Бача-дия! Акнун ба Неъмат мўзаи хиром чӣ даркор? — Баъд овозашро пасттар карда, илова кард: — Пагоҳ-фардо ҷав мепазад, аз хирман ягон чиз дода розӣ мекунам.
— Раис, ин корро худаш катӣ гапзанон кунед, — гуфтанд бобоям акнун каме баҷуръат.
Савор дар ҷавоб ба сўи бобоям ба қаҳр як нигоҳ карду:
— Ҳа, хайр, — гуфт ва аспашро ба резачорпо андохту рафт. Бобоям аз қафои ў маҳзун нигариста монданд.
Мо харҳоро ба роҳ андохтем ва лаҳзае нагузашта, ба деҳча даромадем. Заминҳои нав аз хоби зимистон бедоршудаи деҳа, боғҳо, тавораҳои аз санги қайроқи сой чидагии заминҳои рўидарича, сафедорҳои қатори сари роҳ, қўруқу чашмаву сой, шаху зовҳо — ҳама ба ман ошно буданд, гўё ҳеҷ дигар нашудаанд. Аммо онҳо пештара барин хушрўй ва аҷиб набуданд. Ким-чӣ хел ба назар оддӣ ва хурд менамуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё