Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бомҳои деҳа аз пештара пасттар, дарахтони азим гўё хурдтар, одамон ҳам гўё дигар шуда буданд.
Балки ин аз таъсири сахтии солҳои ҷанг буд ё худ ман акнун калон шуда ва ҳар чизро аз канор истода мушоҳида карданро омўхта будам, кӣ медонад?
с. 1970

ЯК РЎЗ НЕ, ЯК РЎЗ...

Азим аз хоб чашм кушоду ба соати дасташ нигарист, аммо вақтро фаҳмида натавониста, чашмони сурхшудаашро молид. Соат аз зарбу лати зиндагии ноороми ў зиёда фарсуда гашта, шишааш дарз хўрдаву чирку ғубор гирифта буд ва кас зуд фаҳмида наметавонист, ки рақамаш куҷову ақрабакҳояш куҷо. Шояд ба сабаби ҳамин кўҳнагиву фарсудагӣ соат то ҳол дар дасти ў мондааст. Азим онро борҳо ба ягон шиша шароб иваз карданӣ шуд, ба гарав мондан хост, фурухтанӣ шуд, аммо ҳама аз он рўй метофтанд. «Ма, даҳ тинро гиру ба мошин савор шуда, вокзал рав. Ба ҳеҷ кас нишон надода, онро ба зери чархи паровоз мон», ё худ «ба музей бар, осори атиқа гўён харида мегиранд», гуфта масхара мекарданд.
Азим чашмонашро молида-молида хеле вақт зеҳн монда, фаҳмид, ки соат қариб ёздаҳ. Вай аввал ба ташвиш омад, вале баъди он, ки нафасе андешид, рўзи истироҳат буданашро ба хотир оварда ором шуд. Аз таъсири шароби шабина сараш дард мекард, ташнагӣ дилу ҷигарашро месўхт. Ў оҳиста аз диван бархост. Пружинаҳои диван пичиррос зада, аз кимкуҷояш садои ҳуштак баромад. Азим калавида-калавида ба ошхона рафт. Бо дастони ларзон дўлчаро пур карда, об хўрду сари дилашро дошта, озурдаву бедимоғ, оҳу воҳкунон боз омада, ба диван дароз кашид. Дилаш беҳузур гашта сараш аз дард қариб, ки торс мекафид. Баъзан дар назараш тамоми хона гўё чарх зада, зеру забар мешуд.
Азим дирўз баъди кор ба куҷо рафт, бо кӣ нишаста нўшид, чӣ вақте ба хона омад, ба хотир оварданӣ шуд, аммо ҳеҷ чизро ёд надошт.

пешина
аз 119
навбатӣ