МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданВақтҳои охир ў тез-тез ба ин ҳол гирифтор мешуд. Пештар баъзе шаробхўрҳо ҳамин хел гўянд, Азим бовар намекард. Гапи бекора, мегуфт, одами маст кори кардагиашу сухани гуфтагиашро медонад. Ў бо чашмони нимпўш хеле вақт фикру хаёл карду баъд аз ҷояш бархоста, шароби шишаи рўйи мизро ба стакан холӣ кард. Стакан нима пасттар шуд. Шишаи холиро обгардон карду ба болои он рехта нўшид. Сипас, як нафаси чуқур гирифту ба диван кишаст. Нишасту чашмаш ба сурати дар девор будаи писараш Мўҳсин афтод. Ин сурат ягона ороиши хона буд. Мизи мудаввар, ду курсии фарсудаву чиркин, дивани доғ-доғи берўйпуш, зери по як шоли кўҳнаи рангпарида
- ҳама ба Азим кароҳатангез намояд ҳам, ин сурат ҳамеша ўро ба хаёлҳои ширин мебурд, дар зулмоти рўзгораш монанди нури умеде ба вай мадор мебахшид. Сурати кўдак қадру эътибори гумшуда ва ҳаловати рўзгори осудаву муҳаббати ширини ўро бо зану фарзанд ба ёдаш меовард. Бача аз сурат бо ҳайрат ба ў менигарист. Дар қаъри чашмони ў гўё ғаме ниҳон аст. Аслан, Мўҳсин дар ин сурат танҳо не, ҳамроҳи модараш буду Азим баъди он, ки занаш аз хона баромада рафт, сурати ўро бо қайчӣ бурида партофт. Мегўянд, ки писараш кайҳо мактабрав шудааст. Азим ягон бор Мўҳсинро диданӣ нарафт, бар қасди занаш нарафт. Пазмон шуд, аммо дандон ба дандон монда тоқат карду нарафт. «Зайнаб дониста монад, ки аз рафтани вай гам намехўрам,- мегуфт вай. - Сарам амон бошад... Мўҳсин калон шавад, аз ду сар дада, гуфта меояд, як рўз, не, як рўз мефаҳмад, ки модари мўлтониаш маро ба ҳамин аҳвол расонд.
Ман каму беш арақ хўрам ҳам, қатори дигарон будам. Ба гапи ким-киҳо парида, аҳмақ шуду баромада рафт. Мардум тамошо карданӣ буданд. Писарам мефаҳмад, ягон рўз худаш кофта меояд. Агар наояд... Хайр садқаи сар».
Азим баъзан директори пештараро, баъзан занаш Зайнабро сабаби бадбахтии худ медонист. Дар ин бобат ў «далелҳо» дошт. Баъзан ба ягон улфати дилхоҳаш аз хусуси занаш ҳасрат карда, ғубори дилашро мебаровард: «...аввал дар хона хархаша бардошта безор кард. Сонӣ рафта, бо улфатҳоям ғидӣ-ғидӣ карда, обрўямро рехт, - воқеаҳои гузаштаро гаштаву баргашта ба ёд меовард. - Ин ҳам кам набуд, ки рафта бо директор гапзанон карда, моҳонаамро мегирифтагӣ шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё