Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хушрў-дия, як бор абрў парронда бошад, директор ҳам фаромад. Ақаллан, як бор ҷеғ зада, аз худам гап мепурсид, алам намекард. Ин ҳам дарди бахайр, бо директор забон як карда, маро маҷбур, барои табобат ба беморхона хобонд. Аз дасти вай дар ҷиннихона, қатори ҷинниҳо хоб кардам. Табобат мекардааст! Доруҳояшонро ба даҳон андохта, хўрдам мегуфтаму ҳамин, ки ҳамшира рафт, аз зери забон бароварда, мепартофтам. Лекин баъди духтур хеле вақт нанўшидам. Ман баъзеҳо барин не, нахостам, наменўшам, ба даҳан намегирам!..
Аз беморхона баромада нигарам, ёру ошноҳо аз ман худашонро дур мегиранд. Ҳим-м! Афтодагӣ ба лағҷидагӣ механдад! Ба ҳамон холи зор боз мо қатӣ гаштанба ор мекунанд. Чунон алам кард. Ду-се ҳафта ба даҳан нагирифтам.
Аз кор бароям, нўшида истодани мардумро набинам гуфта, ба ҳеҷ ҷо нигоҳ накарда, ба хона меомадам. Ба киса ду-се танга барои мошинпулӣ мегирифтаму халос. Ҳамон рўзе, ки пул гирифтем, то охири кор ба як азобе истодам. Дар кисаам пул нею гўё алав буд. Коля-амак катӣ Ҳакимча гузаштаравон ба якдигар чашмакӣ зада: «Читу, ҳоло ҳам парҳезӣ? Маҳкам ист, Худо худаш сабр диҳад», гуфта монданд. Кўҳна улфатем-дия.
«Нўшидан даркор, - мегўяд Коля-амак - аммо ҳадду андозаашро дон». Рост, мегўяд, худаш рўзе нест, ки нанўшад, аммо бало намезанад. Андозаашро медонад-дия! Мегўяд, ки агар миси корам мебаромадагӣ шуд, оҳиста ариза дода, аз кор меравам... Аммо ман ба ҷои дигар рафта наметавонам.
Маъмурият ба кори аз ин ҳам пасттар мефурорад, Иттифоқи касаба боз «бори охир» огоҳ мекунад. Хайр-дия!.. Ҳамаи ҳамин аз касофати зан, - хулоса мебароварад ў, - ман зан нагирифта, бало гирифтам. Бар қасди вай менўшам. Агар ба нағзӣ мегуфт, ман ҳам одам-ку! Эҳ, ҳоло ба ман баробар мешудагӣ одам набуд. Курсии мулоими саринжинер аз они ман буд. Ҷалолзода ба ягон ҷо рафта монад, вазифаашро ман адо мекардам. Акнун чӣ, бо дипломи инженерӣ, қатори як бесавод кор мекунам!
Аслан, агар дар корхона нописанд намекарданд, арақ намехўрдам. Ҳа, аввалин бор ҳамон рўзе, ки директорро танқид кардаму сонӣ дар ҷавобаш худи маро муттаҳам карданд, маст шудам-дия...».

пешина
аз 119
навбатӣ