МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Ногоҳ модараш ба хотири Азим расиду ҳайрон шуд, ки чаро кампир ҷим. «То чоштгоҳ хоб намерафт-ку? Тоб-побаш гурехт-чӣ? Не-е, ҷин зад-чӣ, дина аз беморхона «таъмир» шуда омад-ку...». Ба хотири Азим хоби шаб дидагиаш расид. Хоб бинад, падараш даромада омадаанду ба тарафи Азим хандида, аз болояш бистарашро гирифта рафтаанд. «Тавба, таъбири ин хоб чӣ бошад? Дар хоб мурда агар чиз диҳад нагз, аммо чиз гирад - хосияташ нест, мегуфтанд. Ё ин хоби парешон бошад?
Хоби парешон таъбир надорад, мегўянд. Тавба, вақтҳои охир хоби дидагиамро аз бедорӣ фарқ карда наметавонам. Гоҳе ягон воқеа ба ёдам мерасаду ҳайрон мемонам, ки он дар бедориам рўй дода буд, ё дар хоб дидаам».
Дили Азим ғаш карду беихтиёр аз ҷояш бархоста, калавида-калавида ба ҳуҷраи модар гузашт. Ў дарро кушода, ба дарун қадаме гузошту ҷо ба ҷо шах шуду монд. Дар аввал ба ҳукми гумони худ бошад, ё ягон ҳиссиёти дигаре ба рўйи модар дурусттар нигоҳ накарда, дар таҳи дар истод. Сари модар аз болин ба як тараф афтода, рангаш зарду кабудчатоб гаштааст.
Як дасташ аз кўрпа берун чумчаи алюминиро сахт фишурда буд. Дар тори сараш косаи тунука. Суханони модар ба хотираш расид, ки якчанд рўз пеш мегуфт: «Одами пирам, писарам, ба як пуф маътал. Баногоҳ шабҳо аҳволам бад шавад, чумчаро ба коса зада, туро бохабар мекунам. Ҳушёр хоб кун».
Азим кам-кам ба рўйи заъфарони модар, дастони беҷон афтодаву андоми оромаш зеҳн монда, нишонаҳои аз овони кудакӣ азиз ва маҳбуби худро дарёфт. Вай акнун дид, ки чашмони модараш чуқур ғўтида, вуҷудаш пўсту устухон, мўяш сап-сафед шудааст. Чаро ў инро пеш аз ин надид? Модар гўё хобида буд. Ногаҳон Азим аз ин хоби гарон дигар бедор нашудани ўро ба ёд оварду як қад парид.
«Кампир медонистааст-дия, ҳис мекардааст. Агар надонад, намегуфт: «Натарс, ба ҳалқам об чакон, пахтаро ба об зада лабамро тар карда ист, калима гардон...» Бечора модаракам, ҳар рўз даҳ бор мегуфт-а, ба қишлоқ барам. Аз гуфтан ба даҳанаш мў баромад. Беҳуда ин қадар бетоқат набудааст. Чаро ман бепарво шудам?.. Сабилмонда, пул...
Раҳкиро даркор буд. Бечора модаракам раҳкиро дошт. Не, гуноҳи худам шуд. Чанд бор ба дастам пул афтод, нест ҳам шуд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё