Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дина насиҳат мекард: «Арақ нахўр, ин чизи касофат, хонавайронкун аст. Агар ту арақхўриро напартоӣ, ман дар он дунё ҳам осуда намешавам... Эҳ, аҳволатро дида, дилам хун мешавад. Ҳамин қадар гуфтам, ба деҳа биё, наомадӣ. Мард дар ҷое, ки даркор аст, азиз. Рав, манзили падарат, чироғи хонааш даргирад, нағз, арвоҳаш шод мешавад... Ба чӣ умедҳо туро калон кардам! Намедонам, ба ту чӣ ҷин зад? Худо нахоҳад, раваду ягон кору ҳоле шавад, ҳеҷ ташвиш накаш, рафта ба масҷид хабар кун. Ҳамин хел шуд, гўй, писарам. Ба Мўҳсинҷону келин ҳам хабар фирист. Мўҳсин додарат барин, қадаш қариб бо қадат баробар шудаст. Миён баста, ба дасташ асо гирифта, «оча» гўяд. Умри гул барин занро хазон кардӣ».
Модар аз ман пинҳонӣ рафта, келину набераашро дида меомад.
Ҳим-м... Вай васият карда будаасту мани гаранг нафаҳмидаам, нагуфтам, ки чаро ин хел мегўӣ».
Азим гиристан хост, аммо аз чашмонаш нам набаромад.
Бардору зани зиндагӣ ўро чунон кўфта карда буд, ки акнун дилаш сахт шуда, дигар ба ҳеҷ дарде гириста наметавонист.
Гиристан ҳам монанди хандаҳои беғубори кўдакӣ кам-кам аз хотир мерафтааст. Гириста тавонистан ҳам хушбахтӣ будааст.
Одам гиря кунад, рўҳаш сабук мешавад.
Азим аз ҳуҷраи модар оҳиста баромаду дарашро пўшид.
Дасту рўяшро гурбашў карду зуд бо сачоқ як бор молида гирифт. Чӣ кор кунад, ба ҳамсояҳо хабар диҳад-чӣ? Охир ягон маслиҳат медодагистанд. Боз суханони модар ба хотири Азим расид, ки мегуфт: «Халқ акнун бе меҳру шафоат шудагӣ.
Ҳамсояҳои дарбадар бегона барин. Ҳар рўз даҳ бор чашм ба чашм, рў ба рў мешавем, на салом, на алейк. Хок кашад! Ҳоло ҳам меҳру шафоату хайру барака дар ҷои худамон будаст. Ба тўят то худат рафта хабар накунӣ, намеоянд, аммо ба сарат ғаму ташвиш афтад, ҳамон лаҳза напурсида, аз дарат медароянд...»
Азим сару либосашро пўшида, саргаранг ба курсӣ нишасту ду-се бор «тавба» гуфта монд. Ў чӣ кор карданашро намедонист. Бори аввал зиндагӣ ўро имтиҳон мекард, пайванди ўро бо одаму олам месанҷид. Бори аввал ў аз робитаи худ бо мардум меандешид: «Дар ин шаҳр хешу табор надошта бошам, ёру ҷўраҳо кайҳо боз аз ман гурехта мегарданд... Уф-ф... Ҳозир бе сад грамм майна кор намекардагӣ барин...».

пешина
аз 119
навбатӣ