Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Азим кисаҳои пиджакашро як ба як чаппаву роста карда кофт, аммо ғайр аз ду-се тангаи зард дигар чизе наёфт. Ба хотираш расид, ки дирўз дар кисааш қариб понздаҳ сўм пул буд. «Нўшида, ба ягон ҷо афтондаам, ё «ҷўраҳо» чойпулӣ гуфта афшонда гирифтаанд. (Ў «ҷўраҳо» гуфта, навбатдорони ҳушёрхонаро дар назар дошт).
Шербачаҳо шаб кисаҳоро топ-тоза мекунанду калонашон наомада, гум шав, мегўянд. Аз худашон понздаҳ-бист тин раҳкиро гирифта, ба хона меоям».
Азим сарашро болои миз ба рўйи дастонаш ниҳода, хеле вақт беҳиссу беҳаракат монд. Дар сараш фикре набуд, дилаш гўё суст мезад, тамоми вуҷудаш ба як ҳолати карахтӣ афтода буд. Ҷисми заифи ў ҳоло ба ин зарбаи зиндагӣ тоб наоварда, карахтиро сипар карда буд.

  • Дар хона ҳеҷ чиз нест, то фурўшам, - гуфт ў беихтиёр овоз бароварда.
    Баъд чизе ба ёдаш расиду бо қатъият аз ҷо хест. «Модар раҳкирояшро бастаю тофта, эҳтиёт карда мегашт. Акнун раҳкиро ҳам даркор не... Аздусар ин даҳ-понздаҳ сўми вай катӣ мушкили ман осон намешавад... Ё ба пули модар даст нарасонам? Наход, илоҷи дигар набошад?».
    Азим паёпай ду стакан шаробро дам кашиду як нафаси чуқур гирифта қоматашро рост кард, дастонашро ба ду тараф дароз карда хамёза кашид, баъд аз кисаи шимаш як қуттӣ сигарети пачақшудаи «Помир»-ро бароварда, як дона даргиронд. Ў фикр мекарду сигарет дар байни ангуштонаш сўхта ба охир мерасид. Чӣ кор кунад, аз кӣ маслиҳат пурсад, кй ба вай роҳ нишон медиҳад? Азим дар илоҷи кори худ ҳайрон монда буд. Баъд вай рафта аз чойдон ба кафаш қадре чойи кабуд рехту онро ба даҳон андохта монанди чорпое, ки кавша мекунад, бо ҳавсала хоид.
  • Тамом. Шутур дидӣ, не! - вай худро тасаллӣ дода, берун баромад.
    Азим аввал дари ҳамсояи рў ба рўяшро кўфт. Дарро кўфту ба ёдаш омад, ки ҳамсояааш - Раъно, ўро ҳеҷ хуш намекунад. Порсол камтар сурху сафед шуда буданд. Шабе ҳамин хел ширакайф буд, камтар намак даркор шуд, Азим дари Раънохонро кўфт. Шабона шавҳараш дар хона набошад, ин қадар тарсидани ин занро чӣ донад?
пешина
аз 119
навбатӣ