Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Як худаш танҳо ҳам не, бо писарчаи шашсолааш. Дар ҷавоби тақ-тақи вай дар хона тақартуқур сар шуд. Азим истод-истоду рафта, дари ҳамсояи дигарро кўфт.
Пагоҳирўзӣ Раънохон ба ҳамсояҳо шикоят кардааст, ки одамони ношинос нимашаб дари ўро кўфтаанду вай аз тарс қариб гурдакаф шуд. Гўё он одамони «шубҳанок» тамоми шаб аз таҳи дару тирезаи ў дур нарафтаанд. «Хайрият, тирезаҳо панҷараи оҳанӣ доранд, - гуфтааст ў, - ба ақиби дар мизро тамба карда, то саҳар бедор нишаста баромадам». Аз қабати дуюм, зани муаллим гуфтааст, ки вай ҳамсояатон Азим, дари моро ҳам кўфт, намак пурсид. Амакатон бароварда доданду ҷанг карданд, ки ин хел нимашаб одамонро безобита накунад»... Ана, аз ҳамон воқеа ин ҷониб табъи латифи Раънохон коҳидагӣ. Салому алекро ҳам бас карданд. Салом гўям, рўяшонро ба тарафи дигар гардонда мегурезанд. Садқаи сар, гуфтаму ман ҳам салому алекро бас кардам. Хайр, имрўзҳо шавҳарашон дар хона-ку.
Дарро шавҳари Раъно - Нозим Ғайбуллоевич кушод. Вай ҷавонмарди сию панҷ-сию шашсолаи миёнқад, фарбеҳ, нисбат ба синну солаш зиёда ҷиддинамо ва калонгир буд. Ў ҷомаи рахрахи сарупоӣ дар китф, дарро кушода, саволомез ба Азим нигарист.

  • Ҳамсоя, ҳамин шаб... момо... модари мо... аа-аз дунё гузаштанд, - Азим ба рўйи ҳамсояаш нигоҳ накарда, кандаканда гап мезад.- Ба қарибӣ додарзодааш аз қишлоқ оварда монда буд... Ногаҳонӣ...
    Азим ҳоло Азими пештара набуд: сархам ва пакар, овозаш ҳам дигаргун - маъюс ва дарднок ба гўш мерасид. Касе, ки ба овози одамон бодиққатат гўш медиҳад, аз байни ҳазорон садои гуфтугў, овози шахси мусибатзадаро фарқ мекунад.
    Овози одами мусибатзада ба садои косаи чинии дарзхўрда монанд аст. Мардум косаи шикастагиро аз садояш зуд фарқ мекунанд, аммо садои дили шикастаи якдигарро на ҳамеша зуд пай мебаранд.
  • Э, афсўс, бечора. Нағз нашудааст-дия,- Нозим Ғайбуллоевич сар ҷунбонда изҳори ҳамдардӣ кард. Сонӣ дарашро пўшида, ба долон баромад. - Афсўс, бечора одами нағз буданд, даробаро карда мегаштанд...
пешина
аз 119
навбатӣ