Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба хешу табор хабар додед?

  • Аздусар расида омада наметавонанд. Ҳаво гарм...
  • Рост, мурдаро нигоҳ дошта намешавад. Хайр, акнун чӣ чора, мурда дигар зинда намешавад. Мурдани падару модар мерос, мегўянд. Дилро бой натеду аз паи гўру чўбашон шавед.
    Ман ҳам меоям. Бачаҳо камтар бетоб, ба хонаи очаашон бурда мемонаму...
    Азим ба саҳни ҳавлӣ баромад. Дар сояи чинор як гурўҳ бачаҳо машғули бозӣ буданд. Битнер бо занаш мошинашро аз гараж бароварда, тараддуди сафар дошт. Барои истироҳат аз шаҳр берун мераванд. Шояд ба дараи Варзоб раванд, ё ба сўйи Ромит. Азим ба ёд овард, ки чандин сол боз ў ба он тарафҳо нарафтааст. Умуман, аз шаҳр берун набаромад. Рўзҳои истироҳаташ чи гуна мегузаштанд, ў ҳоло дар хотир надорад...
    «Хўш, ана ба ҳамсоя ҳам хабар додам. Боз чӣ кор кунам? Ба комбинат равам? Иттифоқи касаба ҳаст, ҳамкорон ҳастанд...
    Ҳеҷ поям намекашад. Майзада бошам ҳам, ору номус дорам.
    Меоянду... Баъд, дўсташ насиҳат мекунад, душманаш заҳрханда... Безорам!»
  • Ҳа, Азимҷон, ин қадар фикру хаёл? Азим сар бардошта, дар рў ба рўяш Робияхоларо дид, ки дар даст тўрхалта аз магазин меомад.
  • Э, напурсед, хола. Одам гуфта ба вай машк гап занам...
    Азим ба тирезаи Нозим Ғайбуллоевич ишора карда носазо гуфт.
  • Азимҷон, нағз не, худро ба даст гиред, чӣ гап шуд? А?
    Саҳар катӣ...
  • Не-е, истед. Вай хола... Модар мурда монданд. Тамом.
    Ранги рўйи Азим суп-сурх, ҳалқаҳои чашмонаш танг гашта буданд. Шароб кам-кам ба ў таъсир мекард.
  • Не-е! Кай? Дина дар ҳамин ҷо буданд-ку? - дасту пои Робияхола бемадор гашта, сараш аз ҳаяҷоя чарх задагй барин шуд. Тўрхалтаро ба дасти наберааш дода, «ба хона бар», гуфт.
  • Дар ҳамин ҷо. Шаб пой дароз карда мондаанд. Ман бехабар. Дар хонаи дигар хоб...- ў мастона чашмонашро кушодаву пўшида, пойма пой гап мезад.
пешина
аз 119
навбатӣ