МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Азимҷон, ба ман нигоҳ кунед, рост мегўед, ё... - Робияхола Азимро маст дида, ба гапаш бовар карданашро ҳам намедонист, бовар накарданашро ҳам.
- Э, Худо занад, нон кўр кунад. Ана, даромада бинед. Ман ягон бор гапи дурўғ гуфтам-чӣ?
Дар як зум ба гирди онҳо чор-панҷ нафар ҳамсоязанҳо ҷамъ шуданд. Азим такрор ба такрор ҳодисаро гуфта, ба чашми ҳар як имдодталабона менигарист. Ў дар ҳамин вазъият ба назари шахси дар канорбуда хурўси дар ҷанг мағлубшударо мемонд, ки бо пару боли овезон ва ҷароҳатҳои хуншор аз беадолатии ҳариф, ё ягон дарду алами дигар шикоятомез қутқут мекунад. - Азимҷон, манаҳашонро бастед?
- Не, валло. Ман надонам.
Робияхола ба хонааш даромад ва ду метр суфи оҳорӣ гирифта баромаду бо ду нафар ҳамсоязани дигар ба хонаи Азим даромада, манаҳи марҳумро баст. - Худо раҳмат кунад, бечора бандагиро ба ҷо овардаанд.
Шумо, бесомон,- хола ба Азим рў овард,- ба ин аҳвол гаштед.
Дуои ҳамин бечора модарро нагирифтед. Канӣ, акнун ёбед...
Хешу таборатонро хабар кунед, тезтар биёянд. Ҳаво гарм, нигоҳ дошта намешавад,- маслиҳат дод ў.
Ҳамсояҳо суханони Робияхоларо шунида, бо таассуф сар ҷунбониданд, оҳ кашиданд, дареғ гуфтанд, баъзеҳояшон оби чашм ҳам карданд. Баъд Азимро дилбардорӣ дода, аз Худо ба вай сабр талабида, як-як оҳиста-оҳиста ба ҳар сў парешон шуда рафтанд. Азим дар саҳни ҳавлӣ боз танҳо монд.
Аз воқеаи вафоти пиразан бисёр касон огоҳ шуда, онро дар доираи хонаводаи худ муҳокима мекарданд. Яке бо таассуф ва дилсўзӣ, дигаре бо маломат ба Азим менигарист. Аз ошёнаи дуюм ҳамсояаш Мунира ба Азим менигарист. Ин танноз ҳоло ба вай заҳрханда кардагӣ барин шуд. «Шавҳарам шофёри вазир гуфта, фукаш ба осмон,-аз дил гузаронд Азим.- Зани вазир барин ин кас ҳам гоҳ-гоҳ «Волга» савор мешаванд. Аммо шофёри вазир ҳам шофёр аст, вазир не! Ба мусибати касон шодӣ кунед, ойим!» Азим дар дилаш бо Мунира манша мекард.
Вай ҳангоми мастӣ мисли ҳамаи майхораҳо дасисаҷў мегашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё