МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Ҳа, ҳамсоя, хурсанд шавед... Ин хел рўз ба сари шумо ҳам меояд,- оқибат заҳри дилашро ба Мунира рехт.
- Ин чӣ гуфтагиатон, мастед, ё ҳушёред? - чашмони Мунираи бекинаву шўхтабиат калон-калон шуданд. Вай ба қаҳр ояд ҳам, аз чеҳрааш осори шўхӣ намерафт.- Ман ба шумо чӣ бадӣ кардам? - Вай аз тирезаи айвонаш сар берун кард.
- Ҷаватонро хом даравидагем не-ку! Гапи гуфтагиатонро медонед?.. Э, ҳайфи одам!
Ў Азимро ширакайф диду бо вай гидӣ-бидӣ карда нишастанро ба худ эб надид. Тирезаашро тараққос занонда пўшиду пардаашро кашида монд.
Азим дар хараки рўйи ҳавлӣ хеле муддат хомўшу сархам нишаст. Робияхола ба назди ў омада пурсид, ки чӣ фикр дорад, чӣ кор карданӣ. Ба Азим чунин намуд, ки хола ҳам ягон ёрдам доданӣ не, ҳамту, аз рўйи дил мепурсад. Азим ба хола рўйи хуш надоду оҳиста аз ҷояш бархоста ба хона даромад. Дари ҳуҷраи модарро кушода, лаҳзае ба рўйи ороми пўроҷинги ў нигариста истод ва сипас ба диван нишаст. Ба дастонаш нигарист, нусхаи дастҳои модарашро дид.
Деҳаи зодгоҳаш, айёми бачагӣ, солҳои ҷанг, ки модараш бепадар, ду фарзандро ба дандон газида калон кард, ба хотираш омад. Модар рўзҳо дар колхоз кор мекард, шабҳо чарх ресида, ҳар ҳафта ба бозор ду калоба ресмон мефиристод, то ки фурўхта, ба пулаш як кило-ним кило ғалла оварда диҳанд. Боре Парда - даллол ду калоба ресмони онҳоро бурду чизе оварда надод. Онҳо рўзро бо умедворӣ шаб карданд, баъд гурусна то нимишаб нигарон шуданд. Аз гуруснагӣ Азимро хоб намебурд. Модар тасаллӣ медод, ки ҳеҷ гап не, болиш мебардорад... Моргазидаро хоб мебурдааст, аммо гуруснаро не. Азим он солҳо хурд буд, аз дасташ кор намеомад. Рўзҳо ҳамроҳи хоҳараш ҷувориашонро «ҳой» гуфта, аз гунҷишк нигоҳ медошт. Он солҳо гунҷишкон ҳам гурусна буданд, бо ҳойгўиву кулўхчаандозӣ аз киштзор дур намерафтанд...». Дар пеши назари Азим деҳа, замини рўйи даричаашон ҷилвагар шуд ва лаҳзае худро даҳ-дувоздаҳсола дид, ки ҳамроҳи хоҳараш пойлуч ҷуворизорро давр зада метохту аз фалахмон кулўхча меандохт ва ба як маром «ҳой-ҳой» мегуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё