Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Он солҳо тобистон расад, боғу киштзорҳо бо фарёди бачагону қарс - қарси фалахмонҳо, бо ҷаранг-ҷурунги сатилу тағораҳо аз саҳар то шом монанди бозори рўзи ид пурғавғо буд. Агар нафасе бехабар монед, гунҷишкон села-села ба сари ҷуворӣ нишаста, шираи донаҳои ҳанўз норасидаи онро макида мерафтанд. Кўдакон ва гунҷишкон барои ризқу рўзӣ бо ҳам талош доштанд. «Акнун гунҷишкон ҳам сер шуда, баору номус гаштаанд. Ҷое, ки «киш» гўед, дигар пар намезананд... Ҳа, мардум чӣ кор ҳам кунад, барои серҳосил буданаш ҷуворӣ мекориданд, вагарна дили кӣ нони гандум намехост».

  • Эҳ, чӣ солҳои сахте буд! - Бо дасташ ба сари зонуяш зада афсўс мекард Азим.-Бечора модарам як саҳарии зимистон нимкоса дар даст, тамоми деҳаро дар ба дар пурсида баромаду ба қарз як каф орд наёфт. Баъд аз алам дар хона чунон овоз андохта гириста буд, ки ману хоҳарам ҳам ба вай ҳамовоз гашта фиғон бардоштем. Бечора модар, ки як умр ба фарэандон худотарс шуданро талқин мекард, чунон бо овози баланд «хонаи Худо сўзад», гуфта зор-зор гирист, ки дили моро ваҳм зер карда буд. Ману хоҳарам акнун Худо моро ба ғазабаш гирифтор мекунад, гуфта метарсидем. Таваллову зорӣ мекардем, ки модар ин гапро нагўяд. Як моҳ боз рўйи нонро надида будем. Намедонистем, ки ғазаби Худо аз ин зиёд намешавад... Баъд ман ҳамон нимкоса дар даст ба хонаи амакам рафтам. Амакам бо аҳли оилаашон дар гирди сандалӣ нишаста, ош мехўрданд. Писари ҳамон Парда-даллол- Самар ҳам буд. Онҳо овози пои маро шунида, табақи лахчаки хўрдаистодаашонро ба даруни сандалӣ пинҳон карданд. Ман ба хона надаромада, аз тиреза ош хўрда истоданашонро дида будам. Баъд духтарчаи хурдиашон сирро фош карду як шаппотӣ аз падар хўрда хомўш шуд. Дар пешгоҳи хонаашон як ҷувол орд сап-сафед метофт, аммо амакам «орд нест, як дона ғалла набошад, орд аз куҷо мешавад», гўён ҷавоб дод. Он солҳо ҳам гузаштанд. Беҳуда намегўянд, ки зимистон мераваду рўсиёҳии ангишт мемонад... Рўзи аз падар хати сиёҳ омадагӣ аз хотирам ҳеҷ намеравад. Модар хабари маъшумро аз саркор шунида, аввал карахт шуд, бовар накард. Баъд саркор хати сиёҳро аз ҷайб бароварда, ба модар дод. Модар монанди занҳои дигар фарёд набардошт, мўканиву рўйканӣ накард, фақат қатраҳои оби чашмаш марҷон барин ба рўяш рехт.
пешина
аз 119
навбатӣ