Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд ба Ҳосилбеки дар болои асп андешаманд нишаста, рў овард:
«Мурда бошад, ҷояш ҷаннат, не, агар зинда бошад, Худо ёраш бод. Ба ман ҳамин ду сағираи вай бас. Ҳаминҳоро калон кунам, шуд». Модари муштипар! Охир вай ҳам одам буд, медонист, ки аз модар дубора намеояд... Умрашро бо ду фарзанд гузаронд. Агар ман дар ҷои вай мебудам, ҳамин хел мекардам? Не, ман ба ин хел фидокорӣ қобил нестам. Ана, писарам зиндаятим. Охирин як хоҳиши модарамро ҳам иҷро накардам. Модар шароб нахўр гуфт, нахўрда метавонам-чӣ?
Азим дар сари ин нукта хеле фикр кард, ба хотир овард, ки инсон бо зўри ирода чӣ корҳое накардааст Шароб нахўрдан ҳам кори мушкил шуд?! Ҳамин хел мегўяму аммо...- дудила мешуд вай. - Ягон қасаме бошад, ки онро шикастан нашавад!
Пештар ба номи Худо қасам мехўрданд, «Қуръон»-ро пеш мегузоштанд. Ман на ба Худо бовар мекунам, на ба «Қуръон».
Эътиқодманд бошам, арақ мехўрдам?! Одамон нон катӣ қасам мехўрданд. Нон ҳам ҳеҷ касро кўр намекардааст. Ҳама ҷо нон дар зери по. Дина яктояш дар ошхона чангакро ба мағзи нон халонда, тоза мекард...
Занги дар Азимро ба худ овард. Вай азбаски кайҳо боз занги дарашро нашунида буд, як қад парид. Баъд саросема аз ҷо бархосту ба сўйи дар ду-се қадам монд, аммо боз дудила шуда, лаҳзае истод. Дар ҳақиқат ба вай занг заданд, ё ба гўшаш ҳамин хел расид? Садои занг дубора баланд шуд. Ин дафъа дуру дароз, бо изтироб.
Азим дарро кушоду ҳушаш аз сар парид. Агар ин дам модараш зинда шуда, дар таҳи дар истода бошад ҳам, аҷаб не, вай ба ин андоза ҳайрон намемонд. Робия-хола пешопеш, аз қафои ў Зайнабу Мўҳсин ва марду зан як гурўҳ хешовандони занаш, Мунира бо шавҳараш, боз ду-се нафар ҳамсояҳо ба хона даромаданд.
Робия-хола гап мезад, аммо дар аввал Азим аз суханони ў ҳеҷ чиз нафаҳмид. Сонитар ба гўшаш даромад, ки хола мегуфт:
«Мунирахонро гуфтаму бечора ҳар чӣ зуд рафта ёфта омаданд». Аз даруни хона суханони бо алам ва сўзи дил гуфтаи Зайнаб ба гўшаш расид:
-- Маст ҳушёр мешавад, аммо аҳмақ не!

пешина
аз 119
навбатӣ