МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Азим ба девор такя карда, беҳол сари ду по нишаст. Худ аз худ аз чашмонаш ғўра-ғўра ашк рехт. «Ашки набудагӣ аз куҷо мерезад?»- ҳайрон буд вай.
с. 1972
МУАЛЛИМИ САХТГИР
Баҳори он сол ба дашти беоби Ёвон бори аввал пунбадона коштанд. Ғўза кайҳо себаргаву вале аз об дарак набуд. Баъзеҳо ба раддаҳои беҳудуди сабзгун-гули заҳмату умеди худ нигариста, хавотир буданд: “Аз ростӣ, оби Вахш меояд ё обро надида, мўза кашидем?”-мегуфтанд.
Ба канали нав, одатан, обро ҳамту, иму ҷим сар намедиҳанд. Ид мешавад, рақсу бозӣ, мукофотдиҳӣ, вазъгўӣ мекунанд. Ҳоло мардум ба вазъгўӣ ончунон одат кардаанд, ки дар тўй ҳам, дар азо ҳам, то аз рўи коғаз бурро хатро хонда тавонистани худро собит накунанд, гўё рўзашон намегузарад.
Ман ба ин ҷо ба муносибати ҳамин тантана омадам. Вале ногаҳон Шодиро дидаму дар дили ман аз шодмонӣ асаре намонд.
Дар баландӣ истода ғарқи тамошои канал ва даҳанаи нақб будам. Дар пешгоҳи он ҳарфи М-тамғаи метросозони Москва медурахшид. Дар масофаи ҳафтуним километр аз зери кўҳ нақб канда, оби паси Боғотро аз як гўшаи биёбон берун овардан, дар ҳақиқат, қиссаҳои пешини бибию бобоёнро ба ёд меовард.
Ҳоло ҳама кори асосӣ саранҷом ёфта, коргарон бо трактор лавозимотеро, ки дар нақбканӣ ба кор бурдаанд, аз мағзи кўҳ кашонда, берун меоварданд. Обе, ки аз даруни нақб ҷорӣ буд, чархҳои тракторро қариб гўр мекард. Ин оби Вахш не, оби қаъри кўҳ аст. Ҷавони навчаи лоғарандом, дар тан корҷома, дар по мўзаи резинии соқаш баланд чолокона банд-банд тахтаву оҳанпораҳоро ба чангак андармон месохту кран онро бардошта, дар соҳил ғарам мекард. Ҳаракатҳои ҷавон ба ман ошно намуд, худи ўро низ гўё мешинохтам, аммо аз дур афташро равшан тафовут намекардам. Аз теппа фуромада, ба ҷониби вай наздик рафтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё