МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Хандаҳои соддалавҳонааш, поймониҳои такаббуромезаш ба Шодӣ монанд... Шодӣ!
Худаш!.. Ана, вай ҳам маро дид... Зеҳн монда менигарад...
Аҷиб, шамоли тақдир одамро ба куҷоҳое намебарад!
-Шодӣ!..-наздик рафтаму даст бардошта овоз додам.
Маро дида вай лаҳзае карахт шуд. Сипас, маъюс табассум намуду дасташро боло бардошта “Салом” гуфт.
-Баъди кор биё, чақ-чақ мекунем... Ҳозир нағз не...
Ҷўраи солҳои бачагиам дар ин ҷо маҳбус буда, чунон ки мегўянд, хидмати маҷбурӣ мекардаст, вале ман намедонистам.
Ҳоло ўро дида, агар гўям, ки ҳайрон шудам, на он маъниро медиҳад. Лаҳзае дасту поям бемадор гашт,чӣ гуфтанамро надониста забон хоидам. Вай андаруни канал, ман дар соҳили баланд-ҳар ду аз изтироб хомўш будем.
-Ягон чиз даркор бошад, гўй,-хоҳиш кардам.
-Ташвиш накаш, ҳеҷ чиз даркор не... Фақат дидори шумоён...
Вай табассум намуд ва бо меҳр ба рўи ман нигаристу хомўш монд. Посбон ба исрор талаб дошт, ки ман аз соҳил дур шавам.
Не, ба ҳар ҳол, ин Шодии пешин не. Агар ҳамон Шодии пешин мебуд, “ягон сони гўсфанда пухта биёр, як дег палави сергўшт кун, палава ёд кардам, арақ гир” мегуфт. Ғалатӣ...
Вай бо трактори худ ба нақб даромада рафту ман парешонхотир ба қафо баргаштам.
“Сазои хулқу атвори бад...-мегуфтам худ ба худ.- Аз карда пушаймон метобад. Ақлаш даромадагӣ барин...” Даврони бачагию наврасии мо бо ҳам гузашт. Даҳсоларо ҳамроҳ тамом кардем. Баъд ман аз паи таҳсил ба шаҳр омадаму вай дар деҳа монд.
Хурд будем. Он солҳо ҳавлии Шодиино дар шафати ҳавлии мо буд. Ҳамеша ҳамдам, бозӣ мекардем, ҳамроҳ ба мактаб мерафтем, аз паи гову гўсола, алафу ҳезум медавидем.
Рост мегўянд, ки Исо ҳам ба роҳи худ, Мўсо ҳам. Бесарии вай як зарра ҳам ба ман сироят накард. Баъди ин гуна таҷрибаҳо чи гуна ба қонуни ирсият бовар намекунӣ?! Росташро гўям, баъзан аз касофати вай ман ҳам дар маломат мемондам. Бинобар он, очаам мудом таъкид мекарданд, ки вай катӣ камтар бозӣ кунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё