Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Лекин ҳамроҳ бозӣ накарда мешавад?
Боре сазои ба суханони модар беэътиноиамро дидам.
Воқеа ин тавр рух дод: дар қарибии боғи мо полизи колхоз буд.
Нигоҳбони он бобои Орзумурод ҳар гоҳ ба боғи мо ояд, ягон ҳандалаки хушбў меоварду маро шод мекард. Он солҳо мардум дар замини рўйидарича харбуза намекориданд. Ғалла танқис буд. Ба мардуми деҳқон пул аз он ҳам танқистар буд. Ҳеҷ кас моҳона намегирифт, на дар пирӣ нафақаю на дар беморӣ... Дар ивази 20 сотих замини рўйидарича аҳли оила дар колхоз кор мекарданд. Бе паспорт ба куҷо гурехта меравӣ?! Ана, аз ҳамин сабаб ба замине, ки корам аст, хоҳ лалмӣ, хоҳ обӣ, ғалла мекориданд. Колхоз барои полиз хеле кам замин ҷудо мекард...
Ҳамон рўзи нохуш ману Шодӣ дар боғи мо, ки як гўшаи ҳамон замини рўидаричаро ишғол мекард, машғули бозӣ будем.
Намедонам, гап аз куҷо бархосту вай барои харбузадуздӣ ба полизи колхоз рафтанӣ шуд. Ман инояти бобои Орзумуродро ба хонаводаамон ёд оварда, дар ин хиёнат ба вай шарик нашудам. Чун ў ба ҷониби полиз раҳ гирифт, ман ба даруни ҷўйи обкандаи чуқуре даромада пинҳон шудам.
Дар он айём чӣ донам, ки агар кас бетарафона ҷиноятеро гувоҳ бошад, низ гунаҳкор аст.
Ногоҳ валвалаю ҳаёҳуе бархосту бача набошам, боз ҳам худдорӣ карда натавонистам ва сар бардошта, оҳиста ба тарафи ошўб нигаристам. Манзарае, ки дидам, ҳеҷ фаромўш намешавад: Шодӣ харбузаи калоне дар даст ба ин сў медавиду аз қафо, дар масофаи чил-панҷоҳ қадам бо ҳаёҳу бобои Орзумурод ўро дунболагир буд... Ман ин ҳолро дидаму саросема сарамро поён гирифтам, вале кор аз кор гузашта буд.
Шодӣ гурезон харбузаро ба назди ман ғелонду рафт.
Вақте ки бобои Орзумурод омада, дар сарам рост истод, ба ҷуз шармандавор аз ҷо бархостан дигар чораам набуд.
Мўйсафед тамоми заҳрашро ба ман рехт. Суханоне гуфт, ки агар мор шунавад, пўст мепартофт. Рост мегуфтаанд: харбузаро хом кандана, сари деҳқонро бикан.
Ҳамин қадараш кам набуд, ки мўйсафед боз ба хонаамон рафта, воқеаро ба модарам гуфтаст. Бегоҳирўзӣ гўсолаву се бузғоларо пеш андохта аз дарвоза дароям, модарам дар сари оташдон будаанд, тарошае ба дасташон афтоду бо он маро чунон заданд, ки он шаттаро ба ёд оварам, то ҳол тахтапуштам виҷиррос зада, дар танам мурғак медамад.

пешина
аз 119
навбатӣ