Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз беадолатии модарам сахт ранҷидам. Як шабонарўз аз хона таом нахўрдам.
Аввал пурсиш, баъд кушиш-дия! Бобои Орзумуродро солҳои сол чашми дидан надоштам.
Ба Шодӣ бало ҳам назад. Баръакс, фардояш шўру фиғони маро тақлид карда мазоҳ намуд. Бобои Орзумурод ба модараш гуфта бошад ҳам, Ҳаёт-хола ҳаргиз ба писараш сахт намерасад.
Занаки аҷиб буданд – нармдил, беозор, гапбардор, фориғдил...
Ҳеҷ нашунидаам, ки вай ягон бор ба Шодӣ, ақаллан дўғу пўписа карда бошад. Бо ҳама ҳамин хел, мулоимгап, нармдил.
Мо-бачаҳо ҳавас мекардем, кошкӣ модари ҳар яке ҳамин хел мебуд... Беақл будем...
Шодӣ сол аз сол дар бадкирдорӣ ном мебаровард. ”Шодӣ не, ин ғаму кулфат аст”, мегуфтанд одамон. Ёд дорам, боре модараму Ҳаёт-хола ба таъзияи кадом як ҳамдеҳаамон рафтанд. Ману Шодӣ дар ҳавлии онҳо будем. Дар сояи тути калони балхӣ бибиаш ғир-ғир чарх ришта, суруди ғамангезеро замзама мекард. Аз афти кор, пиразани ҳафтодсола писари дар ҷанг бедарак рафтагиаш-падари Шодиро боз ба ёд оварда буд магар, ашки рухсораҳои пуроҷингашро дам ба дам ба нўги остини дарозаш пок мекард.
Ин дам аз кўча нидои аттор баромад. Он солҳо атторҳо ранг, қулф, сўзан, тугма, шаба, чангаки моҳидорӣ барин майдачуйдаҳоро аз шаҳр харида, деҳа ба деҳа гашта қиматтар мефурўхтанд. Рўзе, ки аттор меомад, барои бачаҳои деҳа ид буд. Ҳар кас ягон чиз мехарид: писарбачаҳо-ҳуштакчаҳои сафолӣ, дорбозак, духтарон-сўзан, ҳалқа, илқ, занҳо-ранг, зок, зиҳи пойҷома ва ба ҳамин монанд чизҳо.
Ману Шодӣ саросема ба сўи аттор давидем. Чангаки моҳигириро дидему ҳаваси моҳигирӣ моро беқарор кард. Аммо барои чангакхарӣ пуламон набуд. Дар он айём пул на фақат дар ҷайби бачаҳо, балки дар кисаи аксар мардони деҳа ҳам ёфт намешуд. Аммо мушкиле набуд, ки садди майлу хоҳиши Шодӣ бошад. Вай “ҳозир” гуфту тозон ба ҳавлиашон рафт ва фурсате нагузашта, куртаи мардонае дар бағал берун омад. Аттор

пешина
аз 119
навбатӣ