Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

куртаро пасу пеш гардонда диду писанд кард, вале ба рўи Шодӣ бо шубҳа нигариста гуфт:

  • Бача, боз бе рухсати очаат овардӣ?
  • Не-е!
  • Ку, рав, бигў очаат ояд.
  • Э, шумо чи хел одам, гиред-дия!.. Очаам ба меҳмонӣ рафт. Худаш гуфта буд, ки инро дигар касе намепўшад.
    Ин лаҳза хоҳарчаи Шодӣ-Фароғат аз дасти бибиаш гирифта аз ҳавлӣ берун омаду ба сўи аттор шитобон расид.
    -Ана, куртаи додом, бибиҷон!.. Ман гўям, шумо бовар намекунед...- бидиррос зад духтарак куртаро аз пеши аттор бардошта.
    Куртаро дар назди аттор дида, фиғони пиразан баромад.
    Шодӣ ба Фароғат суханони таҳдиду таҳқиромез гуфту аз он доира дуртар рафт.
  • Ҳой, балонусха... Куртаи писаракам-а! Нарўида рав, ту шумқадам... Садқаи падар шав!.. Барои ҳамин худо ба ту уна ҳайф дид.
    Вай бо алам хеле суханони ҷонгудоз гуфту куртаро аз дасти Фароғат гирифта, бо қомати хамида ба сўи ҳавлӣ равон шуд. Шодӣ аз ин кори хоҳарашу бибиаш изо кашиду беҳаётар гашта, ба пиразан дарафтод. Сараввал куртаро аз дасти бибӣ гирифта гурехтанӣ шуд, вале натавонист. Баъд аз алам ҳавлиашонро сангборон мекард, ки модараш расида омад.
    Ҳаёт-хола сабаби моҷарои ўро фаҳмид ва зуд аз куҷое пул ёфту барои Шодӣ чангак харид ва хархашаи ў пасанда гашт.
    Шодӣ солҳои мактабӣ ҳам тавфиқ наёфт. Вай қобилияти хуб дошт, аммо ҳаргиз дар хона китобу дафтарро ба даст намегирифт. Ҳар он чӣ аз муаллим мешунид, каму беш дар хотир медошт ва онро боз гуфта аз муаллим баҳо мегирифт.
    Агар аз роҳи худсарию бетамизӣ намерафт, балки одами дуруст мешуд...
    Аз бонги ногаҳонии мошин як қад парида, худро ба канори роҳ гирифтам. Замини зери поро ларзонда “Белаз” гузашт. Ронанда ба ҳоли ман хандид. Ман ҳам хандидам.
пешина
аз 119
навбатӣ