МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Бе ҳеҷ мақсад, ғайриихтиёр мерафтам. Инро пай бурда, оқибат аз роҳ истодам. Истодаму баргашта ба сўи чорраҳае, ки он ҷо мардум интизори мошинҳои раҳгузар буданд, рафтам.
Ҳоло ба кадом сўи ин дашт назар кунед, сурури тантанаи фардо эҳсос мешуд. Гурўҳ-гурўҳ одамони аз атрофу акноф баҳри тамошо омадагӣ бо шавқ даҳани нақб ва наҳри навсохтро менигаристанд. Дар ҳама ҷо байрақу хитобаҳо, ошхонаву дўконҳои сайёр...
Намедонам, дар синфи шаш будем ё ҳафт, ғолибан дар синфи ҳафт мехондем, ки ба мактаби мо аз шаҳр муаллимае омад. Ўро мо дар зиндагӣ ҳаргиз фаромўш намекунем, зеро вай сабабгор гашт, ки сонитар бисёр бачаҳои деҳаи мо таҳсилро давом доданд, касбу ҳунар омўхтанд. Чашми моро ба олам, ба зиндагӣ ҳамон Солеҳа Каримова кушод. Ҳар як сухан, ҳар як кори вай барои мо ибратбахш, зебо ва ҳавасангез буд. Писару духтар-ҳама мафтуни вай будем. Муаллима барои мо ҳам рафиқи мўнису сирдон, ҳам устоди сахтгири иззатманд-хулоса як олами нави таҳ ба таҳ асрор, хирад, ҳунар, ҳусн ва назокати одамӣ буд. Вай ҳам донишманд, ҳам дарзӣ, ҳам пазанда-хулоса, кони ҳунар буд. Ба духтарон бофтану дўхтанро омўзад, ба бачаҳо аз усули муомила, назокати адаб то оростани ақоиқи назофат, тариқи меҳмонию мизбонӣ, расми хонадорӣ ва ободу зебо доштани макони истиқоматро меомўхт.
Шодӣ ўро низ биозурд. Биозурду сипас худ батамом радди маърака шуд: рўзе муаллима ба синф ворид гашт ва пас аз салому алек ба курсӣ нишаста ҳозиру ғоибро санҷидан хост, вале курсӣ яку якбора пора-пора гашта, аз ҳам рехт. Муаллима ба рўи фарш афтод. Вай аз хиҷолат буд ё аз дард ба рўи ҳеҷ кас нанигаристу лангон-лангон аз синфхона берун шуд. Чашми духтарон об гирифт, аз ғазаб дандон ба дандон мефишурданду аз алами оҷизӣ сар намебардоштанд.
Аксари онҳо дар он айём аз Шодии ҷангара ба дил ҳарос доштанд.
-Ба падарат лаънат... Мур, ту, пес...-яку якбора Маҳрам сар ба остин ниҳода гириста сар дод.- Гум шав, нокас!..
-Агар ягонтаат даҳон кушоӣ, аз ман гила накун!-аз ҷо бархоста мушташро гиреҳ карда ба аҳли синф ва асосан, ба Маҳрам таҳдид кард Шодӣ.-Даҳаната аз тахтапуштат мекушоям, Таппак!..-Вай духтари Назари Чўпон Маҳрамро “Таппак” мегуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё