Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Агар ҳозир ба мудир рафта нагўям, ман-одам не! Ту ин курсиро мондӣ,-Маҳрам бо чашмони ашколуд аз ҷо бархосту аз синф берун рафтан хост.
-Бишин, Таппак!- Шодӣ сари роҳи ўро гирифт. Азбаски Маҳрам ба мактаб аз молхона меомаду мудом аз танаш бўи ширу ҷурғот ба димоғ мерасид, ин лақаб ба вай часпида буд.- Ку, як бори дигар гўй!..-Шодӣ бо ситез мушташро ба таҳи манаҳи духтар бурд. – Чунон гирифта ба девор мезанам, ки...таппак мешавӣ!-аз лутфи дурушти худ завқида, қоҳ-қоҳ зад вай, вале ба хандааш ҳеҷ кас ҳамроҳ нашуд.
...Касе маро ҷеғ зад магар ё ба гўшам ҳамин хел даромад, аниқ надонистам. Сар бардошта ба атроф нигаристам-ҳоло ҳама ба ҳар тараф рафта, дар гирду пеш ҳеҷ ҷонзоте набуд. Дар он сўи канал бачаҳои Ёвон ба харҳо кўзаву офтобаҳоро баста аз паи оби гуворо ба сўи чашмаҳои домани кўҳ мераванд.
Имрўз бачаҳо бори охир барои об мераванд. Фардо аз ин канал, аз оби Вахш мехўранд.
Боз овоз баромад. Ин дафъа аниқ шунидам-овози зан.
Бист-сӣ қадам дуртар аз ман дар канори роҳ ду мошини самосвал меистод. Аз таваккал ба ҷониби мошинҳо қадам задаму аз паси яке аз онҳо қиқирросзанон Гулсифат баромад.
-Дар ҳамин ҷо ҳам ту ғарқи фикру хаёлӣ?.. Э, ту ҳам одам барин ягон рўз ҳушёр мегардӣ ё не? –гуфт вай бо чеҳраи хандон ба сўи ман аз дур дасти вохўрӣ дароз карда омада.
-Фикру хаёл куҷо, ҳамту...-гуфтам аз хиҷолат чӣ гуфтанамро надониста.-Ту дар ин биёбон чӣ гум кардӣ?
Мо салому алек ва аз якдигар ҳолҷўӣ кардем.
-Ба чӣ кор омадӣ?-Ва ҷавоби маро нигарон нашуда пайрави саволи худ гуфт:-Тантана менависӣ? Мардони майдон ё диловарони Ёвон? А?
Гулсифат ҳам аз ҳамсинфони мо. Ман аз бозе, ки ўро мешиносам, одаташ ҳамин: ягон гапро мепурсаду тоқати ҷавоби шуморо шунидан надорад. Шумо ба ҷавоб даҳан кушода-накушода, вай аз ҷои дигар савол мекунад.

пешина
аз 119
навбатӣ