МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
-Писардор шудаӣ, муборак... Чӣ ном додӣ?-боз пурсид вай.
Ман номи писарам ва мақсади омаданамро гуфтаму сипас аз ў пурсидам:
-Ба ман нигар, аҳволи Шодӣ чӣ хел аст, бохабарӣ?
-Ҳабс шуд-ку, ҳоло дар ҳабсхона будагист,-гуфт вай ва якбора маъюс гашт.-Чаро якбора Шодӣ ба ёдат омад?.. Дар ҳамин дашт рўята ба қибла гардонда Шодиро фикр мекардӣ?
-Не, Гул... Ист, ки ту ба ин ҷо чаро омадӣ?
-Мусулмонӣ ба шикамсерӣ, гуфтаанд. Се-чор дўкону ошхонаи районро овардам. Гапи хушк ба гўши кӣ мефорад?!
Гумонат рўзномаи ту барояд, офтоб мебарояд, вагарна на пахта мерўяду на мол мезояд. Ҳамту не?
Кинояи ўро бо табассум гузарондам. Вай кори рўзноманигоронро гапи хушк ва беҳуда мешуморад.
Мо дар хусуси ҳамдиёрон, ҳамсинфон, кору бори худамону наздиконамон хеле гапзанон кардем. Чун сухан ба сари мактаби деҳа кўчид, Солеҳа Каримова боз дар пеши чашмам ҷилвагар гашт.
-Ба ман нигар, Гулсифат, муаллима Каримова ҳоло дар куҷо бошанд?
Вай чашмонашро калон карда ба тааҷҷуб чунон ба рўи ман нигарист, ки авзоаш баръало мегуфт: “Бача, тани ту сиҳат аст ё не?”. Дар муқобили рўи лоғару борикаш чашмонаш зиёда калон намуданд. Дар воқеъ, Гулсифат ҳеҷ фарбеҳ нашуд. Ҳама ҳайрон буданд, ки ў бо вуҷуди ин қадар дарёдилию ҳуштабъӣ, чаро тортанак барин дар бадан як пайса гўшт надорад. Кораш нағз, рўзгораш осуда, хулоса чор ишкелаш чоқ. Аз афти кор, аз хўрок парҳез дорад, қомати зебояшро эҳтиёт мекунад.
Дарвоқеъ, фарбеҳии зан бештар қабеҳ менамояд.
-Имрўз ба ту ягон гап шудагӣ, поймапой гап мезанӣ. Чаро хаёлат парешон?-гуфт вай баъди лаҳзае ҳайронӣ ба чашмони ман нигариста.
-Ҳеҷ,-гуфтаму табассум намудам.
-Каримова аз мактаби мо рафтанду дар Себзор ҳам гапашон бо директорашон напухт магар, ба кори дигар гузаштанд. Боре дар мошин дучор шудаму як дам гапзанон кардем. Ҳамаро ном ба ном пурсиданд. Чаро аз муаллимӣ рафтед гўям, даст афшонданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё