Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Худашон ҳам пушаймон барин.
Хайр, худат медонӣ, одами ростдил ҳоло рўзаш сахт аст.
-Ба халқ чизи аз ҳама зарурӣ аввало нон, баъд аз он мактаб,-гуфтам ман суханони дар куҷое хондагиамро ба ёд оварда.
-Ҳеҷ кас ба ин шубҳа надорад.
-Рўзҳои шанбею якшанбе хона ба хона мегаштанд. Очаам аз саҳар “бибиотуни айбчинат меояд” гўён, ба рўбучин сар мекарданд. Чи қадар маслиҳат, машварат... Худро ба одамон бегона намеҳисобид... Ёд дорам, очаи маро маломат карда буд, то ки вақти гиряи кўдак гаҳвораро сахт наҷунбонад... Аммо баъзеҳо ба хонаашон рафтани ўро хуш намекарданд.
Сагашонро кушода мемонданд, медонӣ?.. Ҳурмати нон...- гуфтам ман бо сўзу гудоз.
-Муаллими ҳақиқӣ буд... Ҳайфо, ки бо замона мувофиқат карданро намедонист.
-Ҳаёт-хола ҳам омаданашро намехост, рўи хуш намедод, муаллима пай мебурд, аммо домани Шодиро сар намедод.
-Куҷо пай намебурд!-эътироз кард Гулсифат.-Ҳамаашро медонисту худашро ба гўлӣ мезад.
-Ин тавр бошад, чаро ба Шодӣ ин қадар андармон буд?
Барои таъмири хонаю ҳавлии онҳо ҳашар ташкил карда буд, ба хонааш мебурд, китоб медод: бо кўшиши вай Шодӣ одамсуроб гашт, ҳатто момои Гулсуми бекасро дастёрӣ мекард...
Лаҳзае фикру андешаҳои ҳар ду ҳам ба он солҳои наврасӣ пайванд хўрда, хомўш мондем.
-Азбаски очааш доим тарафи писарашро мегирифт, бечора муаллима ба бало монда буд,-хандид Гулсифат.- Шодӣ ягон номаъқулӣ кунад, додхоҳон ба хонаи муаллима мерафтанд, гўё фарзанди вай бошад... Э-э, Шодӣ набуд, вай дарҳақиқат ғаму кулфат буд. Аз куҷо гапи ўро сар кардӣ?-аз ин гуфтугў дилгир шуд Гулсифат.
-Баъди аз мактаби мо рафтани Солеҳа Каримова Шодӣ расво шуд. Хусусан, Маҳрами бечораро расо азоб дод. Бачаи шум буд,-гуфта ба Гулсифат ҳамфикриамро баён намудам.
Маҳрам аз ферма ба мактаб харсавор меомаду харашро дар қуруқи лаби сой ишкел зада мемонд. Шодӣ дар танаффус пинҳонӣ рафта, ишкели харро кушода сар медоду баъд духтари бечора ҳафт километр роҳро пиёда мерафт.

пешина
аз 119
навбатӣ