МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
-Оби ганда ба хандақ, ана оқибаташ,-гуфт Гулсифат андўҳгин абру чин намуда.-Аз мукофоти амал гурехта намешавад! Дузд ба дузд вомехўрад, ғар ба ғар...
-Аҷаб не, вай одами нағз мешуд...-гуфтам ман, аммо ин дам ҳамаи далелҳоям дар бобати одами нағз шудани Шодӣ ба назарам ночиз ва беасос ҷилва намуданд. Баъди лаҳзае хомўшӣ гуфтам: -Ҳозир Шодиро дидам. Дар ҳамин ҷо будаст...
Гулсифат ғайричашмдошти ман як қад парида, ба рўи ман нигараст, лаҳзае ин гуфтўгуро чашмони мо идома доданд: ман бовар кардам, ки солҳои охири мактабӣ мафтунии Шодӣ ба Гулсифат, ҳар чӣ бошад ҳам, дар дили духтар асаре доштаст.
-Суханро аз ҳамин сар кунӣ, намешавад?! Гоҷиатро бас накардӣ!.. аз даққиюнус сухан сар карданат барои ҳамин Шодӣ буд?! Хайр, чӣ илоҷ, ба бадбахтии Шодӣ ҳеҷ кас гунаҳгор не, айби худаш,-гуфт Гулсифат ҳаяҷони худро андаке фурў нишонда.-Агар худи кас одам шудан нахоҳад, ҳеҷ кас ўро одам карда наметавонад.
Ҳар ду ҳам дақиқае чанд хомўш мондем. Ман ботинан ин гуфтугўро давом медодам: Ба фикри ман, дар ин бадбахтӣ танҳо худи Шодӣ гунаҳгор не,-мегуфтам ба худ.-Фақат як худи модараш ҳам гунаҳгор не. Бале, хурду калон-ҳама. Дар пеши назарамон дузду авбош, коҳилу кўрнамак ба воя расид, ҳеҷ кас ба таври қатъӣ ба вай монеъ нашуд. Аз хурдӣ умри вай бекор мегузашт... Ҳаёт-хола тарафи писарашро мегирифт ва ё дўғу пўписаи бардурўғ мекарду бас. Баъди як воқеаи нохуш дили аксар ҳамсояҳо ба модари писар хунук шуд, аммо боз гунаҳкор беҷазо монд. Шодӣ дар оғилашон гурбаи ҳамсояро дошта, ба болояш карасин рехта оташ мезанад: гурбаи оташгирифта ба ҷониби ҳавлии соҳибаш мегурезад ва ҳангоми таоми шоми хонавода худро аз тиреза ба хона меандозад. Носири якдаста аз хавфи сўхтор худро ба болои гурбаи машъалвор оташгирифта меандозаду бо як дасти аз ҷанг амон мондагиаш онро дошта, боз бештар маъюб шуд...
Ҳаёт-хола ҳар боре, ки ба хонаи мо меомад, модарам баъзе кирдорҳои Шодиро аз рўи дидаю шунидаашон гуфта, “Сари вақт аст, пеши роҳашро гиред”, мегуфтанд. “Абе, дугонаҷон, ҳоли бача-дия.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё