Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бе падар, сағир калон шуд. Дили сағираро озурдан гуноҳи азим аст, мегўянд. Дилам намешавад, ки гапи сахт гўям. Калон шавад, ягон рўз ақлаш медарояд. Бачаҳои шўх ҳам калон шаванд, вазнину солор мешаванд”, - мегуфт модари ў дар ҷавоб.
-Тағоияшу очааш ба ин ҷо дидорбинӣ омадаанд, аммо Шодӣ ба наздашон набаромадааст. "Ман оча надорам”, гуфтаст. Сонӣ амакаш омадаст,-гуфт Гулсифат андешаманд.- Шодӣ гуфтаст, ки очаам наояд. Маро ҳарчӣ кард вай кард:
тухми мурғи ҳамсояро дуздидам, манъ накард, ба сагаш сўзан додам, як шаппотӣ назад, ана, оқибаташ...
-Ғалатӣ... Боварам намеомад, ки Шодӣ чунин рафтор кунад ва аз ў ин гуна суханҳо барояд. Кӣ ба ин минвол чашми ўро кушода бошад? Кӣ? А?-гуфтам ангушти ҳайрат ба лаб бурда.
-Зиндагӣ... зиндагӣ ҷонам, Солеҳа Каримова не,-гуфт Гулсифат дар поёни сухан.-Зиндагӣ муаллими сахтгир аст...
Мегўянд, ки дар ҳамин ҷо китоб хонда, донишманд шудагӣ...
Дар пеши чашмони ман қомати баланди Шодӣ ҷилва намуд, ки ў аз паси мо менигарад. Беихтиёр ба қафо нигаристам. Кран ба мисли фили бузург бо хартумаш тахтаву оҳанпораҳоро дарза-дарза бардошта, ситезаомез дар соҳил ғарам мекард.
с. 1973-79

ГЎШТИГИРӢ

Дар миёнаҷои давра аз кундаю ғўлаҳои яклухт гулхани бузурге афрўхта буданд. Оташ баъзан баробари ду қади одам баланд гашта, ҳезум часур-чусуркунон ба атроф шарораву лахча мепарронд. Шўълаи гулхан атрофро равшан карда, рўйи одамони дар қатори пеш нишастаро метафсонд. Онҳо гоҳ бо як даст, гоҳ бо дасти дигар рўяшонро аз ҳарорати сўзони оташ панаҳ мекарданд, аммо ҷойи тамошобобро аз даст намедоданд.
Давродаври гулханро ҳамвор карда, рег пошидаанд.

пешина
аз 119
навбатӣ