Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар қатори пеши давра, асосан, пирону даҳанкалонони деҳа ва меҳмонони аз роҳҳои дуру наздик омадагӣ нишаста, чой мехўрданд, сўҳбат мекарданд. Дар байни онҳо роҳбарони колхоз, идораи ҷамоат ва район ҳам буданд. Дар ақиб дигаронмардон, ҷавонону бачагон, дар ду-се ҷой тўдаи занону духтарон нишаста, ҳама интизори саршавии гўштӣ буданд.
Саркор баъзеҳоро ақибтар шинонда, майдонро барои гўштигирон васеъ карду аз ҳозирон гаштаю баргашта мепурсид, ки Комил-полвон чаро бедарак аст.
Саволи саркор аз даҳан ба даҳан гузашта, ба гўши полвони ин дам ба тўда ворид омадагӣ расиду ў аз торикӣ овоз баровард:
--Тақсир, мо дар ҳамин ҷо!
--Э, дар куҷо гум шуда гаштед? Ҳама ба шумо нигарон,- саркор ба сўи овоз муроҷиат кард.
Дар ақиби издиҳом каллаи калон ва пешонии фарохи Комил-полвон намудор шуд.
-Ҳой, полвон, имшаб гўштӣ буданашро намедонистед-чӣ?!
-Соати ҳашт, баъди ҳама рафтан як мошин беда оварданд,-
-бо овози баланд сабаб меовард ў.-Ночор қати шофёр фуровардаму ба ғарам зер кардам... Як бор ба тўйхона даромада, муборакбод гуфта бароям?-иҷозат хост вай. Матлаб аз ин “муборакбод гуфтан” хўроке хўрдан буданаш ҳам ба саркор ва ҳам ба дигарон равшан буд.
-Муборакбодро дар ҳамин ҷо мегўед. Барои шумо ошро ба ҳамин ҷо меоранд.
Саркор ба ҷониби тўйхона фарёд кард:
-Ҳой, Абдувалӣ, барои полвон дастурхон!..
Комил-полвон гузашта аз қатори пеш, дар паҳлўи се-чор нафар мўйсафедон нишаст, ки пирони обрўманди деҳа буданд ва хурду бузург дар ҳар боб ба адолати онҳо шубҳа надоштанд ва дар воқеъ ҳам, ин касон аз ҳар гуна таассуб пок буда, ҳамеша дар баҳсу талош ва дигар маъракаи ин мардум ҳакам ва довари боэътимод ҳисоб меёфтанд.
Саркор ду нафар бачаяки ҳафтсоларо аз байни бачаҳои довталаб пеш бароварда, қабл аз он, ки ба талош андозад, барои гўштии имрўза аз кўҳансолони давра фотиҳа пурсид.

пешина
аз 119
навбатӣ