МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
-Пирон даст диҳанд, арвоҳ мададгор шаванд, афтодаро замин бардорад, афтондагиро... яке аз он пирон, ба ин минвол хеле суханони дуо гуфту бо тантана ба фотиҳа даст кушод.- Оми-ин!..
Ҳама даст ба рўй кашиданд. Баъд саркор он ду бачаро, ки мисли хурўсчўҷаҳо ҳар лаҳза омодаи ба якдигар ҳамлакунӣ буданд, ба гўштӣ андохт.
Гўштигирии бачаҳо галатӣ аст! Онҳо монанди калонсолон такаллуф ва худнамоӣ надоранд, барои озмудани якдигар дуру дароз чарх намезананд. Бачаҳо ҳамин ки даст ба миёни якдигар расонданд, гарму ҷўшон талош мекунанд. Ана, кайҳо афтонд!..
Бачаяки афтида ҳунгос зада гириста сар дод. Саркор бо хавотирӣ ўро ҳолҷўӣ кард:
-Чӣ шуд, канӣ?.. Куҷот?.. А?.. Бигў?-вай дасту пои ўро дастдаст кард, ки мабодо лат нахўрда бошад.
-Га... гар... гарданама ханҷолид...
-Ҳеҷ гап не, канӣ?.. Э, барои ҳамин ҳам кас гиря мекунад?
Айб аст... Ма, -саркор ба вай ҳам як ручка подош дод.
Ду нафари дигар дар майдон талош доштанду боз якчанд нафар довталабони хурд миён баста, омодаи ба гўштӣ даромадан буданд. Кадоме аз ҳарифон ғолиб меояду бо вай бояд гўштӣ гирад, барои ин ғайратмандони хурдсол фарқ надошт.
Комил-полвон аз талоши бачаҳо чашм наканда, пиёлаи чойи кадоме дароз кардагиро ҳўрт мекашид. Чойи кабуди талх ба меъдаи холӣ чандин таъсири хуш надошт магар, ҳар дам ба атроф нигариста, фаҳмонданӣ мешуд, ки дастархон наовардаанд. Аммо чашму гўши ҳама ба гўштигирон банд, ба назди полвон дастархон овардан ба ёди касе намеомад.
“Сабили ишкам расо танбўр навохт-ку!-гуфт вай худ ба худ.
Баъд боз ба умед ба атроф нигарист.-Раҳматӣ падарам мегуфтанд-а, нонро пеши по назан. Аз гўштӣ намонам гуфта, мастобаи занакро нахўрда омадам, уболаш гирифт. Нона пеши по задан намешавад... Ба ишками гушна гўштӣ ҳам завқ надорад. Хайр, меовардагист, фаромўш накунад шуд...”
-Канӣ, полвон, чӣ шуд, чӣ мегўед?-Ногоҳ саркор ду нафар гўштигири ба паҳлў афтодаро боздошта, ба ў рў овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё