МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
-Ҳалол шавад. Аз дигар,-ҳукми худро гуфт полвон. Овози вай мисли ҳарвақта қатъӣ ва салобатнок набуд.
Навбати гўштӣ тадриҷан аз хурдсолон ба наврасон мегузашт. Гўштигирии наврасони 14-15 сола хеле ҷиддӣ ва киройи тамошо аст. Ҳиммати тўйдор ҳам бад не. Саркор мукофоти ғолиб-як дастгоҳи суратгириро аз қуттиаш гирифта, ба мардум намуд ва сипас, оварда ба дасти полвон дод. Одатан, ғолиб мукофоташро аз дасти полвон мегирад. Комил-полвон ғилофи чармини онро даст-даст карда диду аз дил гузаронд, ки нархаш чанд пул бошад. Ин Бахтиёр як умр ба кори сиёҳ даст назад, нахондагӣ бошад ҳам, чаққон баромад,-мегуфт вай ба дил аз хусуси тўйдор андешида.-Як даҳ соли охир дар райпо, ба магазинҳо мол медиҳад. Дўкондори деҳа мегуфтаст, ки аз ҳар қуттӣ арақ як дона-ду дона ба худаш мегирифтаст, аз чойи нағз ҳам, аз дигар чизҳо ҳам. Баъд дўкондорҳо қусури онро аз мо мебаровардаанд...
Ду тан наврасон уқобвор ба ҳам дарафтоданд. Комилполвон як-ду сол аз инҳо калон буд ё не, дар тўй бо як ҷавони дар гўштӣ ном баровардагӣ талош карда, ўро афтонду номи “Полвон”-ро гирифта буд. Ҳамон вақт граммофон дар ҳар деҳа якта ё дута буду бас... “Э-э, дастархон овардан аз ёдашон рафт.
Саркор ҳам як бор нигоҳ намекунад, ки ишора кунам.
Шикамсер чӣ парвои шикамгурусна!.. Ҳамдам-қассобро чӣ фалак задаст, дина ба нася як кило гўшт надод-е. Ягон бор гўшт гирифта, пулашро надода намондаам-ку! Аз баҳри насяфурўшӣ баромадаст!.. Гўшт-танқис, бозораш тез-дия. Кӣ дар киса доим пули нақд дорад?! Ин ҷо ба ту шаҳр аст-чӣ?.. Эҳ, канӣ, ҷавонтар бошаму аз ин гўштӣ як гўсфанди фарбеҳ гирифта барам. Дар охир, барои полвонҳои калон гўсфанд ё қолин будагист? Бе ин намешавад... Хайр, ба ман ҳам, як вақте полвон буд, гуфта ягон чиз шавгун медиҳанд: калўш ё ягон яктаҳи чит...” Полвон оҳиста оҳи бадард кашид.
Ба ҳамин тариқ, ў чашм ба гўштигирон фикр мекарду фикр мекард. Ҳарчанд зўр зад, аз қайди ин андешаҳо баромада, лаҳзае бо атрофиён ё гўштигирии бачаҳо андармон шавад, аммо натавонист. Ба гўшаш гап намефорид. “Наход, ки ба тўй гушна омада, гушна равам? Э, ин қадар дабдабаю дову дастгаҳатро ба сарам занам! Ошу нонат бошад ҳам, хешу табор, ёру дўсти дурустат набудаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё