Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар ин хел вақт наздиконаш аз омадаю равандагон хабардор шаванд-дия! Ҳамин ҳам кор шуд!.. Ин не, вай не, Бахтиёр ҳам калонҳоро мешиносад. Ба ҷои ман раис омада шинад канӣ... Барои дилёбию дилҷўӣ тўй мекунанд... Ягон мансабдор ояд, “хуш омадед” гўён дар гирдаш патаку пайтоба мешаванд... Ҳамин ҳам мардӣ аст?!-Ўҳ, Рауф ҳарифаша бардошт!.. Ҳа, ана, ба сари зону гирифт. Парто тезтар!.. Ҳа, бале!.. Тавба кардам, ҳеҷ кас гумон надошт, ки ҳамин шатрама одам мешавад. Чунон бесар, чунон айғоқ буд, ки ба замин занед, ба осмон меҷаҳид! Дар шикамаш як рўдаи рост надошт. Аз дасти ин на полизи мардум дар амон буду на арғамчини мол. Ба қавле, аз ганда пўст меканд, аз нағз-пўстин.
Ба аскарӣ рафту одам шуда омад... Дастархон овардан аз ёдашон рафт... Ҳозир агар ба ҷои ман ягон одами ба инҳо нафъаш мерасидагӣ ояд, ҳамааш тохта меомад... Аслаш, барои халқ тўй намедиҳанд, барои калонҳо...” Қариб ду-дуним соат гўштӣ гирифтанду тадриҷан навбати паҳлавонони номдор расид. Ҳама медонистанд, ки аз деҳаи Яккатут Мурод ном паҳлавони таърифӣ барои бо Сангин гўштигирӣ омадааст. Сангин паҳлавони номдори ин гирду атроф, шогирди Комил-полвон, умеду ифтихори вай аст.
Комил-полвон шогирди бисёре дорад, аммо Сангин дигар аст.
“Паҳлавонӣ ба вай мерос. Аҷдод-аҷдодаш паҳлавон гузаштагӣ.
Комил-полвон раҳматӣ бобои ўро ёд дорад, як фил барин қувват дорад, мегуфтанд. Тахтапушташ ба замин норасида аз гўштӣ баромад, аммо сабилмондаи мўҳтоҷӣ ўро маъюб кард.
Мегуфтанд, ки Хўҷамуроди аллоф як иморати дакаданг андохта, барои шаҳсутуни айвонаш аз сойи Ҷизмон як дарахти чормағзро ғалтондаст. Роҳи кўҳ танг, улав намегардад. Чор йигити ҳузарб ду рўз овора шуда, ғелондаю кашола карда, сад қадам барин овардаанду бас. Хўҷамурод, замин хабар накашад, одами айёр буд, мегўянд. Рўйирост аз паҳлавон илтимос накардааст. Андешидааст, ки баногоҳ маъюб шавад, дар пеши халқ умрбод рўсиёҳ мегардад. Бинобар ин, овоза сар додаст, ки агар ҳар кас ҳамон чўба биёрад, як пуд гандум медиҳад.
Паҳлавони камбағал ина шунида, дар як шаб танаи чормағзро оварда, ба таги дарвозаи бой партофтаст. Мегуфтанд, ки ана, баъди ҳамон воқеа паҳлавон дигар ба худ наомад, қоматаш рост нашуд.

пешина
аз 119
навбатӣ