Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъзе мегуфтанд, ки вай маъюб шудагӣ, баъзеи дигар чашм расид, мегуфтанд. Боз кӣ медонад, ман раҳматиро аранг-аранг ёд дорам,-мегуфт худ ба худ андешида Комилполвон.-Дар рагу пайи Сангин қуввати бобояш ҳаст. Ман ба вай нозукиҳои ҳунарамро ёд додам, ин тарафаш ба худаш вобаста. Сангин дар аввал як авҷ карду сонитар танпарвар шуд. Аз афти кор, маишат, сониян, сабилмонда арақ шасташа гардонд... Дар як дастархон чорта нону мева ҳам наоварданде!.. Ҳе, ноумедҳо! Агар ош намонда бошад, нону чой ҳам нестчӣ?.. Арвоҳ занад...”
--И-и-и, полвони яккатутиаш баромаданӣ-ку! Э-э, вай ин Тоҳирчаро меафтонад... Мурод-Мурод мегўянд, ҳамин будастдия. Ҷудо ҳам бўзбала-ку! Ҳар як кафаш бел барин-е!-гуфт Мулло Нори дар ақибаш буда даҳонашро ба таҳи гўши Комилполвон наздик карда.
-Ҳа, сахттар чангол занад, қабурғаи Тоҳирчаро канда мегирифтагӣ барин,-Комил-полвон ҳам ўро назараш гирифт.
Комил-полвон ҳаракатҳои Муродро мушоҳида карда, ўро аз ҳар ҷиҳат писандид. Паҳлавони ҷавон ҳанўз шармин буда, ба сухан даҳон кушояд, хиҷолат кашида, сурх мегашт. Хоксору батамкин буданаш аён. Ҳа, мағрурию худнамоӣ надорад.
Вақте ки вай бо Тоҳирча ба талош сар кард, Комил-полвон пай бурд, ки меҳмон ҷавони бақувват буда, ҳанўз аз зўри худ бехабар аст. Вай баъди он ки ҳарифашро ду-се бор афшонда дида, зўри ўро санҷид, дилпурона ба вай наздик рафт. Тоҳир ҳам зўри ўро фаҳмиду ана, худашро мегурезонад. Дуруст. Агар ба зери бағали Мурод афтад, вай вазнаш катӣ мадори инро хушк мекунад...
Паҳлавонон чунон ба ҳам дарафтоданд, ки саркор аз хавфи он ки ногаҳ якдигарро ба оташ назананд, мудом дар тарафи гулхан меистод.
Тоҳирча Муродро хеле арақ кунонд. Мурод ҳар қадар ўро ба чапу рост меандохт, аммо бефойида буд. Тоҳирча ба ҳарифи худ сахт такя партофта, монанди кундаи чанор ноҷунбон меистод. Аз байни издиҳом овозҳои таҳсин баланд мегашт.
--Сахт ист, Тоҳир!
--Ту аз вай кам не!.. Нони трактор ҳалол аст!..

пешина
аз 119
навбатӣ