Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Полвон тўбу тухмаи Тоҳирчаро ҳам нағз медонад:
“Падараш як одами нимҷон. Паҳлавонӣ ба Тоҳирча аз туби модараш мерос аст. Тағояш полвони забардаст буд. Як йигит буд, ки аждаҳо мегуфтед. Дар ҷанг нобуд шуд...” Комил-полвон таърихи гўштӣ ва гўштигирони 30-40 соли охирро нағз медонист. Вай дар бачагӣ гўштигирии тағои ана ҳамин Тоҳирчаро дида буд. “Дар як тўйи калон қариб тамоми полвонҳои гирду атроф ҷамъ шуданд. Тағойи Тоҳирча— Абдусамад дасташ омад карду ягон-ягон шаш полвонро афтонд. Як номарди дигар-Ҳафиз ҳам даъвои полвонӣ дошт.
Мардум ғавғо бардоштанд, ки дарояд. Ночор ба майдон даромаду бо Абдусамад даст ба миён шуд. Абдусамад, дар ҳақиқат полвони зўрдаст, ҷавонмард ва тандеҳ буд. Ҳамин ки Ҳафизро ба сари сина бардошта, ба замин заданӣ шавад, ин номард аз ҷойи нозуки полвон гирифт. Абдусамад аз зўри дард бо қаҳр ўро чунон ба сари синааш фишурд, ки аз даҳану бинии Ҳафиз хун омад. Ҳафиз пеш аз ин ҳам дар як маъракаи дигар бо сари зонуяш ба шиками ҳарифаш зада, сабабгори ғавғои калоне гашта буд. Як гурўҳ одамон, ки он лаҳза аз номардии Ҳафиз бехабар буданд, ба тарафгирии вай хестанду қариб деҳодеҳи калон сар зад. Пештар дар тўйҳо ба гўштию бузкашӣ ҳар як қавм йигит ҷамъ карда, дар бағал гурзу калтак, теғу шашпар мерафтанд. Баъзан тўйҳои калон хунрезию азо катӣ тамом мешуд. Ҳар як деҳа, ҳар як қавм орият гуфта ҷон медоданд-е! Аҳмақира бинед!.. Ҳукумат ҳамаро ба тартиб оварда, хуб кори савоб кард... Аммо равнақи гўштӣ ҳам аз миён рафт. Давраш гузашт. Он хел тўйҳо ҳам нест, он хел полвонҳо ҳам. Ҷавонҳои ин давр се бор талош кунанд, нафасашон мегардад. Ҳамааш аз папирос, мондан гиред аз арақ. Баъзе йигитҳо ба сӣ даромада-надаромада чарбу мебанданд. Одам фарбеҳ, ки шуд, аз вай полвон намебарояд...
-Маҳкам ист, Тоҳир!
-Ҳа, дастакотба садқа!..
Шўру қийғоси мардум Комил-полвонро аз банди хаёлот ба худ овард.
Ҳеҷ чашмдошт набуд, ки Тоҳирча Муродро ин қадар монда мекунад. Аз ҳозирон ин сирро аксар пай набурданд, аммо мардони гўштидида мақсади Тоҳирро фаҳмиданд. Вай барои ғалтондани ҳарифаш зўр намезад.

пешина
аз 119
навбатӣ