МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Аз ў худро дур кашида, имконият намедод, ки талош зуд яктарафа гардад.
Мурод ҳамвора зўр мезад, ки зудтар ўро ғалтонад. Мақсади Тоҳир ҳам ҳамин-ўро монда кардан буд, то ки ба ҷўрааш, ҳамдеҳааш Сангин осон шавад. Сангин кайҳо тағйири либос карда, ҳозирӣ медид.
-Парво накун, Тоҳир, Сангин дар ҳамин ҷо!-фарёд кард кадоме барои ба Тоҳирча рўҳ бахшидан. “Чойникҳои чойро дам ба дам бурда мебиёранд, аммо аз дастархон дарак не. Ё ба саркор як имои бурут карда фаҳмонам-чӣ? Айб аст охир, мардуми гирду пеш чӣ мегўянд? Саркор аз худаш дониста гўяд, гапи дигар. Ҳуши вай ҳозир ба гўштӣ. Ман барин рўзаш катӣ ғарам зер кардааст-чӣ?.. Хайр, ҳеҷ гап не, як шаб-дия. Мардум рўза медоранд-ку! Аз тўй нарасад, гила накун, гуфтаанд...”
-Мурод, телба нашав!..-кадоме аз меҳмонон мақсади Тоҳирчаро пай бурд магар, ҳамдеҳаашро огоҳ кард.
Қийғоси аҳли маърака баланд гашт. Мурод оқибат Тоҳирчаро ба сари сина бардошту пои ўро аз замин канд ва як бор давр гардонду зад. Гўё замин кўчида бошад, аз издиҳом наъра бархост:
-Ў-ўҳ!..
-Қандата зан!..
-Ҳалолат бод!-гуфт Комил- полвон ҳам зери лаб ба таҳсин сар ҷунбонда.
Мўйсафедони атрофаш ҳам ба таҳсин лаб кушоданд.
-Ҳалол... Ҳалол...
-Беғилу ғаш гўштӣ гирифтанд!
-Ҳаққу ҳалол!.. Қанд занед!..
Мурод пеш омада радиои инъомро аз дасти Комил-полвон гирифт. Вай дар ҳолате, ки ҳарсос зада нафас мегирифт, чолок онро гирифту бурда ба дасти яке аз наздиконаш дод. Мурод баъди каме ин тараф-он тараф роҳ гашта, тапиши дилашро паст кардан, рафта дар паҳлўи ҳамдеҳагонаш нишаст. Ду нафар ҷавони бўзбала ба молидани дасту пои ў машғул шуданд.
Дигарон ба сўйи ў хам шуда, маслиҳати як марди миёнсолро гўш мекарданд.
Сангин аз гўшае оҳиста ба майдон даромаду маърака лаҳзае хомўш монд. Ба назари одами бегона чунин менамуд, ки ў гўё вазъ мегуфта бошаду халқ барои сухани вайро шунидан ором шудаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё