Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сангин бо кафи даст чашму рўяшро аз дуду аз гармии оташ панаҳ карда, оҳиста майдонро давр гашт. Ўро бинад, ҳар кас ҳам паҳлавон мегуфт. Навча, синафароху миёнборик, дасту бозувонаш мисли оҳани тобхўрда, чеҳракушод-хуллас бо тамоми ҳастиаш мегуфт: паҳлавони ҳақиқӣ манам! Ҳама бо шавқ ба қаду басти ў зеҳн монда буданд. Сангин, аз рўи одат, давраро чарх заду омада дар рў ба рўи Комил-полвон дузону нишаст ва аз устоди худ фотиҳа пурсид.
-Ҳаросон нашав, дасти ман не, дасти бобоям, гўй... Пирон мададгор шаванд... Комил-полвон даст ба рўй кашиду лаҳзае ба чашми Сангин нигариста монд. Баъд ба тарафи ў хам шуда, бо овози паст гуфт:-Ба ман нигар, ҳой... аз вай сабилмонда хўрдагӣ барин менамоӣ... Чӣ ҷин зад ба ту? И-и... Охир масҷид... И-и... Э, пир занад тура...
-Камакак зиён надорад, тағо... Бачаҳо намонданд...
-Номаъқул кардӣ!.. Гўштина мурдор накун!-Якбора ба шўр омад Комил-полвон, аммо овозашро баланд накард.
-Э, парво накунед!.. Ҳозир мебинед...
-Гарданат мешиканад!-гуфт полвон ситезаомез сар ҷунбонда.-Бас, оҳиста аз майдон барою ҷомара каш! - Суханашро аз зиҳи дандон бароварда амр кард ў. -Ягон сабаб биёру дафъаи дигар мегирам гўй ё рўйирост гўю мон: камтар арақ хўрда будам, устодам рухсат надоданд.
-Тавалло мекунам, рухсат диҳед... Маро беобрў накунед...- илтиҷо кард Сангин.
-Не, намешавад... Масҷид...- боз мақоли ҳангоми қаҳр мегуфтагиашро ба забон гирифт полвон.
-Хуб гўед, охир... Мурам ҳам, аз ин намеғалтам... Ман ба номаш лаб тар кардам...
Комил-полвон лаҳзае дудила шуда ба рўи шогирди худ нигариста монд. Ин лаҳза мўйсафедони паҳлўяш ба миён даромаданд:
-Каму тум хўрда бошад, ҳеҷ гап не, полвон...
-Ҳозир ҳамаи ҷавонҳо мехўранд...
-Ба гапи ман бовар намекунед?-исрор мекард Сангин.

пешина
аз 119
навбатӣ