МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Дидори 13-сола аз ҳикояи “Бузғола ва писарак” баъди бе иҷозати ў фурўхтани бузғолаи Сиёҳаки бо меҳр парвариш намудааш ва онро куштани қассоби деҳаи ҳамсояашон се сол боз гўштро истеъмол намекунад.
Адиб дар ин ҳикоя ба воситаи Дидор тазоди аҷиберо ба риштаи тасвир мекашад, ки кўдак дар раҳмдиливу меҳрубонӣ намунаи ибрати калонсолон, вале онҳо зориву илтиҷои ўро аз нозу нуз, инҷиқию эркагӣ беш намедонанд.
Қаҳрамони ҳикояи “Чӣ сон аълохон гаштам?”-талабаи мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар як муддати кораш дар дўкони зарфғундорӣ дар симои амаки Ғулом чандин хислати ношоями калонсолон – дурўғу фиреб, ноустуворӣ ба аҳди худ, дурўягӣ ва сўистифода аз мансабу номеҳрубонӣ нисбат ба кўдакону бечорагонро ошкор мекунад. На танҳо худашон дурўғ мегўянду фиреб мекунанд, балки дигарҳоро низ ба ин амали ношоиста тарғиб менамоянд, манфиати хешро аз ҳама боло мегузоранд:
“Амаки Ғулом агарчи аз кори ман асосан розӣ буд, ба шиша шумурданаму қабул карданам доим эрод мегирифт:
--Ду-сеташа чиркин гўй, биста шиша биёрад, ту ҳам одам барин ҳаждаҳта ё нуздаҳта гўй, ин қадар метарсӣ!.. Хайр, бача хато кард-дия мегўянд, баъзеҳо пешакӣ нашумурда мебиёранд...
Кай ту одам мешавӣ, намедонам...-норозӣ ғут-ғут мекард амаки Ғулом.
Аммо чӣ кунам, ки ман дурўғ гуфта наметавонистам”.
Қаҳрамони ин ҳикоя низ дар муҳити дигар тарбият меёфт ва оқибат ба ин гуна рафтору кирдор тоб наоварда, ба хулосаи қатъӣ меояд, ки хонда коргар, духтур, инҷинер ё профессор мешавад. Аз соли нави таҳсил оҳиста-оҳиста ба сафи аълохонон дохил мешавад, ки падару модараш гумон мекунанд сахтии кори қуттикашонӣ чашми вайро ба зиндагӣ кушодааст. Вале ў аз мушоҳидаи дақиқи зиндагӣ, рафтору кирдор, муносибати амаки Ғулом ба мардум ва маломати занону мардон дар замони мушкилтарини зиндагии амаки Ғулом-ҳалокати фарзандаш ба чунин хулоса омада буд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё