МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
“--Ҷавон ҳайф гаштаст... Ба модараш мушкил... Худи Ғулом таҳи мошин монад, ҳеҷ кас афсўс намегуфт,--таассуф мекард яке.
--Касофати ҳаромхўрӣ ҳамин аст. Ҳаққи сағиру кабир намемонад, - ба сухани вай илова мебаст дигаре.
Баъди он ки ҳафтае аз шунидани ин қабил суханон безор гаштам, амаки Ғулом ба кор баромад. Ман зуд дўконро ҳисобу китобаш катӣ ба вай супоридаму хайрухуш кардам”.
Қаҳрамонҳои ҳикояҳои Баҳром Фирўз аксаран бачаҳои қобилу пурғайрат, хушахлоқу накўкор, дар талоши гирудори зиндагӣ ба камол расида, сабақомўзи дигаронанд, ки адиб ба воситаи онҳо бачагону наврасонро ба омўхтани хислатҳои неки инсонӣ тарғибу ташвиқ мекунад. Дар акси ҳол чун Шодӣ (ҳикояи “Муаллими сахтгир”) ба ҷазои муаллими сахтгирзиндагӣ гирифтор хоҳанд шуд.
Дар воқеъ, Баҳром Фирўз бо асарҳояш дар дили хонандагони ҷавонаш тухми некӣ мепошид, барояшон накўкорӣ меомўхт.
Ў дар эҷодиёт ба дараҷаи устодӣ расида, дастгиру мададгори ҷавонон буд. Андешаву мулоҳизаҳояшро дар хусуси чӣ будани ҳикояту чӣ тавр навишта шудани он, мафҳуми шеъри нав, дар бораи эҷоди адибони ҷавон бе пардаву ошкоро иброз медошт, ки на ҳамеша ва на ба ҳама писанд меомад, гоҳо боиси малули хотири бархе мешуд. Ба сараш борони маломат мерехт, вале ў фош мегуфту аз гуфтаи худ дилшод буд...
Вақте ки бо эҷоди ҷавонони соҳибзавқу ҳунарманд ошно мегардид, меболид, бе ҳеҷ дудилагӣ дастгириашон мекард, дигаронро даъват мекард, ки ибрат гиранд: “Ҳоло аз бепарвоӣ ё бевуқуфии баъзе роҳбарони матбуот тарғиби китоб хеле суст гаштааст. Агар ба китобе тақризе ба нашр расад ҳам, он холисона нест, ҷўра ва ё аксар ҳамдиёрони адиб китоби ўро зўр мезананд, то таъриф кунанд. Баъд адиби камҳунар бо он ҳама чормағзи пуч доман пур мекунаду худро пайғомбар метарошад.
Борҳо хондаем, ки ҳамдиёрон аксаран халтураи ҳеҷу пучи якдигарро ситоиш мекунанду мардуми камхирад ва соддалавҳро бовар кунонданӣ мешаванд. Аммо ин навъ мунаққидон фақат адиби хушбоварро мефиребанду бас. Бо хеле адибони ҷавон ҳамин ҳолат рух дод. Фарзона аз ин миён истисност.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё