МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
- Ҳа-ҳа, золун, золун,- сухани ҳамсарашро тасдиқ кард мўйсафед.
- Депрозолон, - духтур хандиду сухани онҳоро ислоҳ кард.
Ман аз ханда худдорӣ карда натавонистам. Бобо фаромўш кард, ки духтури ҳамон доруро навишта додагӣ дар паҳлўяш нишастааст. Мўйсафед аз рўйи одаташ, дар ҳузури духтур ҳам беихтиёр номи доруро боз аз ҳамсараш пурсид. - Ана, ҳамон золон-да, - 83-тин, 83 тин! Се бор молидам, ту дидӣ, ман надидам, ҷароҳат нест шуду рафт. Буду шуд - 83 - тинак. - Баъд гўё сиреро кушода бошад, ғолибона ба рўйи ману духтур нигариста гирифт. Бобо-Амон лаҳзае хомўш монд ва баъд оҳиста ба оҳанги дигар гуфт: - Ин не, он не, дасти Абдурашидҷон сабук будаст,- мўйсафед бо миннатдорӣ ба китфи духтур зад. - Илоҳо, дастатон дард набинад, хок гиред, зар шавад.
с. 1979
БУЗҒОЛА ВА ПИСАРАК
Талабаи синфи ҳафтум Дидор чор сол боз гўшт намехўрад.
Баъзеҳо мегўянд, ки вай дар умри худ дигар ҳаргиз гўшт намехўрад. Ҳатто хўроки дар деги гўштдор пухтагиро намечашидаст. Шариконаш ўро «Баррача» гўён мазоҳ мекунанд. Бачаҳо гоҳе таъна менамоянд, гоҳи дигар ба таъкид мегўянд: «Агар гўшт нахўрӣ, ақлат заиф мешавад». Дидор барои ингуна мавридҳо ҷавоби тайёр дорад: «Адиби машҳур Бернард Шоу гўшт намехўрдааст, аммо камақл набудааст-ку!
Умри дароз дидаст, марди пурқувват будаст. Дониста монед, ки ҳайвони аз ҳама зўртарин — фил гиёҳхўр аст!..» Агар калонсолон ҷиддан сабаби гўшт нахўрданашро пурсанд, вай дар ҷавоб ғўлунгхоӣ мекард. Ҳарчанд исрор менамуданд, вале аз ў ҳеҷ кас ба ин савол ҷавоби таъин намегирифт. Бинобар он ҳам, аксар гумон доштанд, ки вай табиатан аз гўшт қимоб аст.
Агар гўшти хомро бубинад ва ё ногаҳон устухони кўҳнаи мол ба дасташ афтад, чӣ гуна ранги рўяш дока барин меканд, ҳеҷ кас пай намебурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё