МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Дидор ба фанни химия рағбат дошт. Китобу маҷаллаҳои гуногунро хонда, баъзан суханони ғалатӣ гўяд, бачаҳо механдиданд. Вай рўзе чунин даъвое пешниҳод кард: таркиби гўшт ва картошка хеле ба ҳам наздик аст. фарқ ҳамин ки дар картошка моддаи лейтсин камтар, дар гўшт бештар, — гуфт ў.
—Ҳамаи ин моддаҳо ва аминокислотаҳоро ба усули химиявӣ аз масолеҳи бағоят арзон гирифтан мумкин. Яъне, гўшти сунъӣ сохтан мушкил не, — даъво кард вай. — Масалан, ба картошка андаке лейтсин ҳамроҳ кунанд, гўшти болаззат мешавад!.. Инро шунида, яке ба истеҳзо хандид, дигаре нобоварона даст афшонд. Ҳарчанд ки муаллим даъвои Дидорро «ин гапи маълум» гуфт, бачаҳо ба лақаби вай як калимаи дигар афзуданду ўро «Баррачаи хаёлӣ» ном доданд.
— Дилат гўшт мекашад? — бо тамасхур мепурсиданд. — Бихўр. Ту қасам нахўрдӣ-ку!.. Гўшти сунъӣ месохтааст!..
— Ман аз гўшт безор... Ин ҳамту орзу... Масалан, фалакпаймо дар кайҳон хўроки сунъӣ мехўрад? Мехўрад.
Хўроки синтетикӣ нобуд намешавад, арзон...
Ҳар як хислати ғайримаъмули инсон ҳатман сабабе дорад.
Сабаби гўшт нахўрдани Дидор ба назари баъзеҳо инҷиқии бачагӣ ва ё аз хислати модарзоди ў намояд ҳам, дар асл як фоҷиаи дилхароше буд.
Чор сол пеш аз ин Дидор дар синфи сеюм мехонд. Рўзи иди Наврўз буд. Бузашои дугона зоиду барои Дидор ид болои ид афтод. Бузғолачаҳо ба вай бағоят маъқул афтоданд: яке сиёҳаки пурмағал, дигаре алояки хаппак. Кам-кам вай ба онҳо чунон дилбастагӣ пайдо кард, ки шабу рўзаш бе бузғолаҳо ҳаром буд. Аз мактаб меомаду ҷузвдонашро монда, ними нонро мегирифту ба марғзор, ба назди бузичаҳо медавид.
Нонро як бор худаш мегазид, якборӣ бузичаҳо ба навбат чимдӣ мекарданд. Вай ҳамроҳи онҳо бозӣ мекард, дар талу теппаҳо медавид, аз шахҳо мепарид, аз сойҳо меҷаҳид. Баъди дарс Дидор ба куҷое равад, ду бузичаи бозингар — Алояку Сиёҳак ғурунгосзанон, бо забони худ ким-чиҳо гуфта аз қафояш мерафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё