МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданБоз бетаъсир.
Баъд аз ин бобо ба тақдираш тан медиҳаду дигар ба ҳеҷ кас аз бобати дардаш даҳон намекушояд.
Рўзе аз рўзҳо ба маҳаллаи пешини худ ба таъзияи як нафар дўсташ мераваду бо дасти ҷароҳатнок вохўрӣ карданро ба худ эб надида, бо шиносҳо ба тарзи шифоҳӣ салом мекунад.
Дарҳол дар байни ҳозирон шибир-шибир, пичир-пичир мешаваду хабари ҷароҳати дасти Бобо-Амон ба гўши духтур Абдурашид ҳам мерасад. Ҳангоми аз таъзияхона баромадан Абдурашид ба бобо ҳамроҳ мешаваду дар роҳ гўё ногаҳон чашмаш ба ҷароҳати дасти мўйсафед меафтад ва ба рўйи як пора коғаз номи доруеро навишта медиҳад.
- Ҳой, занак! - садо дод Бобо-Амон. - Мақсудҷон, очаатро гўй. - Баъди он ки ҳамсараш дар таҳи дар пайдо шуд, бобо таъинот дод: - Асбоби дорузаниро тайёр кун.
- Аҷаб мекунад! - гуфт занак бо алам хитобан ба шавҳараш. - Сад бор ба шумо гуфтам... Ош намефорад, нахўред, духтур ҳам нахўред гуфтагӣ...
- Э, занак, одам мурад ҳам, ошро хўрда мурад-да! - бобо қоҳ-қоҳ зада хандид. - Устухони ман оши палав катӣ сахт шудагӣ бошад, ман чӣ кор кунам? Чӣ хел намехўрдаам?!
Солҳои қаҳтии ҷанг худамро ба теғу табар мезадам, ҷояш ояд, ними нонамро мефурўхтаму моҳе як бор палави равғанин мехўрдам. - Диабети қанд?- пурсид духтур ва ҷавоби тасдиқро гирифта, ба аломати таассуф сар ҷунбонд.
- Баъди он, ки аз доруи шумо шифо ёфтам, - ба духтур рў оварда сухан сар кард мўйсафед, - ба духтурҳо ихлосам баланд шуд. Касали қанд шудам, ба духтур рафтам, хўш, ки бошад, ана, худам дорузаниро ёд гирифтам... Ҳа, воқеан, сари суханам чӣ буд? Ҳа-ҳа, оқибат ҷароҳати дастам аз чӣ шифо ёфт гўед?
Ҳой, занак! - Бобо боз ҳамсарашро ҷеғ зад. - Асбобатон тайёр. Боз чӣ мегўед? - занак боз дар таҳи дар пайдо шуда ба бобо маломатомез менигарист.
- Э, ҳамон доруи 83 - тина чӣ ном дошт?
- Ким-чӣ золон буд, - ин бор номи доруро ҳамсари бобо ҳам ба хотир оварда натавонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё