МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Баъд дар хонаи Дидорино чӣ муҳимме пеш баромаду падараш ба таваллою зории ў нигоҳ накарда, бузро бо як бачааш фурўхт. Як бузғолаи дигар — Сиёҳак ятим монд ва Дидор ба вай боз бештар дил баст.
Сиёҳак бузғолачаи шўху бебок, зираку рамузфаҳм буд.
Агар танга барин қашқаи пешонӣ ва сафедии аранг маълуми як сумашро ба назар нагирем, вай тамоман сип-сиёҳ буд. Сонитар аз тори сари бузғола мехчаи девор барин ду шохи рост зада баромад ва кам-кам қашқаи пешониаш сабзида мўи пешонии писарбачаҳо барин як тўбча шуд. Чашмони ў бо нигоҳи мағрур бебокона, ҳатто андаке озмоишкорона ба кас менигаристанд.
Гўё сухани касро, кию чӣ будани ўро медонистагӣ барин айёрона нигаристани ў баъзеҳоро ҳайрон мекард. «Ҳў, сағираи сарсахте, ба одам чунон менигарад, ки гуё аз вай ягон чиз қарздор бошед!» — мегуфтанд баъзеҳо бо химча ўро аз худ дур ронда. Сиёҳак дар ҷавоби андаке таҳдиду ситеза ду пои пешашро озод ба ҳаво бардошта, ба каллаҷанг ҳозир буданашро намоиш медод.
Бузича ба Дидор унс гирифта, аз ў лаҳзае ҷудоӣ намехост.
Агар Дидор аз паи дарсхонӣ ба хона дарояд, Сиёҳак бетоқатона дар таҳи тиреза пой мекўфт, рост шуда ба дарун менигарист ва дам ба дам баас зада ҳамаро безор мекард.
Сиёҳакро ба дарун раҳ намедоданд. Бадбахт як-ду бор худсарона ба хона даромада, аз падару модари Дидор сахтакак таъзир дид. Не, вай дигар бор ҷуръат надошт, аз остона қадам ба дарун ниҳад. Бузғолача ду пои пешашро ба остона ниҳода ба як навъ ғут-ғути махсус Дидорро садо медод, ба забони худ ўро зудтар баро мегуфт. Сиёҳак бе Дидор дилтанг буд ва ҳаргиз бе вай дар марғзор намечарид, агар баста намонанд, зуд баргашта меомад.
Ба одам ин гуна дилбастагии ҳайвони безабон ва бешуур ҳамаро ҳайрон мекард ва ҳар кас ба тарзе онро шарҳу эзоҳ медод. Дидор аз ин хусус андешида дар дилаш мегуфт, ки чӣ ҷои тааҷҷуб, бузича ҳам монанди одамон ақлу дил дорад, некию бадиро мефаҳмад, ҳатто дили касро мехонад. Табиат ба вай шуур ва забон надодаст, аммо аз ҳис маҳрум не.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё