Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тобистон, вақте ки аҳли хонавода шабҳо дар саҳни ҳавлӣ мехобиданд, ҷои хоби Сиёҳак таҳи кати Дидор буд. Саҳари барвақт бедор гашта ба по мехесту сару рўи Дидори ҳанўз масти хобро лесида ғурунгос мезад, балки ба забони худаш аз хоб хез мегуфт, кӣ медонад. Модар ба даст химча гирифта Сиёҳакро аз сари болини писараш дур меронд.
Аз рўзе, ки бузича аз модар ҷудо шуд, Дидор ширчояшро бо вай ду ҳис карда мехўрд. Аз алафҳо, Сиёҳак асосан, юнучқаи наврас ва печакро бо иштиҳо мехўрд. Алафҳои дигарро ҳамту, сар-сарӣ даҳан зада мегузашт.
Аввали тирамоҳ. Нимрўзӣ ҳавои деҳа танўри тафсон барин нафаси касро мегардонд. Ҳама ба пахтачинӣ баромада, дар деҳа фақат пирону бачаҳои хурд монда буданд. Ҳаво гарм, чунон сокит ва беҳаракат буд, ки ҳатто барги сафедорҳои сари роҳ намеҷунбид.
Ҳамсояи ҳавлӣ дар миёни онҳо Бобои Салом ба асояш такя карда, дар суфачаи назди дарвозааш дилтанг менишаст. Садаи деринсол ва чинору сафедори баланд ба таҳи дарвоза сояи ғафс андохтааст. Бобои Салом Дидорро дида, аз дур ба гап даромад.
— Канӣ, писар, имрўз баҳо чӣ хел шуд?.. А?.. Бобо рўзи дароз беҳамсўҳбат дилтанг менишаст.
Айни долу зарби пахтачинӣ дар деҳа одами бекор нест, то ки мўйсафед чақ-чақ кунаду ғубори дилашро барорад.
— Ассалом, бобо, — гуфт Дидор наздик омада. Баъд аз роҳаш наистода ба саволи мўйсафед ҷавоб дод: —Аз ҳисоб — панҷ, аз хониш — чор, дигараш баҳо намонд.
— Ҳа, дуруст, боракалло!.. Ҳа, воқеан, бузғоларо чиба фурўхтӣ? А?.. Охир, вай ба ту ҷўра буд-а! — гуфт ногаҳон бобо.
— Кадом бузғоларо? Сиёҳакро? — ранги рухи Дидор парид.
— Ҳа, ҳамон Сиёҳакро... Аз афташ, додот ба Комил-қассоб фурўхтаст. Ҳозиракак харакӣ гирифта гузашт. Гўшт камчин, кушта гўшташро мефурўшад-дия.
— Не-е... Дигар буз будагист?
— Хайр, аҷаб не. Ман ба ҳамон бузғолаи ту монанд кардам.
Бо вуҷуди ин, Дидор шамол барин ба тарафи хонаашон давид.

пешина
аз 119
навбатӣ