МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Панҷ дақиқа аз миён гузашта-нагузашта вай баргашта ба қафо медавид. Осемасар, ба шитоб, парешон ва гиряолуд метохт. Беихтиёр мегирист, вале арақи рўяш бо ашки чашмонаш омехта, гиряи ўро номаълум мекард. Ў аз пеши Бобои Салом гирдбод барин зуд гузашту рафт. Бобо аз қафояш чӣ гуфт, ба гўшаш надаромад ва ё шунида бошад ҳам, ба ақиб нанигарист.
Вай ба таҳи адир ба сурати як бачаи гўлахие, ки дар афсонаҳо мегуфтанд, саропо арақшор ва хоколуд даромад.
Хоки роҳ, ки ин вақти сол монанди упои занон маҳин ва мисли хокистари гарм пойро месўхт, ба буҷули кас мерасид. Дар натиҷаи ба шитоб роҳ гаштан ҳоло ба сару рўи арақшори ў хок нишаста, андомашро ба кўзаи гилин монанд карда буд.
Дидор Сиёҳакро дар саҳни ҳавлии қассоб бастагӣ дид. Вай пайваста арғамчинро кашида, фарёд мекард. Ў беихтиёр ба сўи вай тохт, вале наздиктар рафта, саги калонеро дид, ки ҳалқа зада хоб буд. Дидор якбора аз раҳаш истод. Саг бачаи бегонаро дид, вале аз коҳилӣ сарашро набардошт, фақат таҳдидомез оҳиста ғуррид. Дидор се-чор қадам қафотар рафт. Дар саҳни ҳавлии қассоб ҳеҷ кас набуд. Дар гирду атроф ҳам. Дуртар, дар лаби ҷўй зане ҷомашўӣ мекард.
Дидор оҳиста овоз баровард:
— Сиёҳак... Сиёҳак...
Саг чашмашро кушода, бо ҳайрат ба сўи вай нигарист, вале сарашро набардошт. Занак овози ўро нашунид. Сиёҳак номашро шунида, аввал як гўшашро, баъд гўши дигарашро ба сўи соҳибаш дошта, сонияе ба сўи ў нигарист, баъд якбора фарёду фиғон бардошт. Вай арғамчини ба гарданаш бастагиро чунон сахт кашид, ки банд гулўяшро фишурд, овозаш гирифт ва бузғола якпаҳлў ба замин афтод. Дидор монанди мурғи пойсўхта бе тоқат гашт, вале ба ҷуз лутфу навозиши забонӣ ба Сиёҳак дигар мададе расонда наметавонист. Вай ин дам ҷинси сагро дар олам ончунон нафрин гуфт, он қадар лаънат кард...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё