МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Дидор баробари Сиёҳак талвоса дошт, беихтиёр мегиристу дар рў ба рўи дари қассоб беқаророна ин сў он сў мегашт.
Аз миён ним соат барин вақт гузашт, аммо аз хонаи қассоб ҳеҷ кас берун намебаромад.
Зан аз сари ҷомашўӣ бархосту ба Дидор, ки бесаришта ва беқарор гирд мегашт, лаҳзае бо тааҷҷуб нигарист ва сонӣ наздиктар омад.
— Ҳой, бача, чӣ гум кардӣ, чиба гиря мекунӣ? — пурсид зан аз дуртар.
Азбаски гиря гулўгираш карда буд, Дидор ба вай ҷавоб дода натавонист ва ҳиққосзанон бо пушти дасташ ашки чашмонашро пок кард.
Зан пештар омада, ба афту андоми Дидор зеҳн монд.
— Ба ман нигар, ту писари кӣ? А? Аз куҷоӣ? Дидор ҷавоб надод.
— Дар ин ҷойҳо чӣ мекунӣ? Ё катӣ додот омадию уна гум кардӣ?
— Не... Сиёҳак... оварданд... — Дидор ба сўи ҳавлӣ ишора кард.
— Сиёҳакат кӣ худаш?
— Сиёҳак... Бузичаи ман, — Дидор ба сўи бузғола ишора кард.
— Ҳа-а... Қассоб оварданд? — ба сўи ҳавлӣ нигариста бузғоларо диду ба гапи ў сарфаҳм рафт зан.
Дидор ба тасдиқ сар ҷунбонд.
Дар сари ин гуфтугў буданд, ки қассоб аз хонааш берун баромаду дар болои зинапоя рост истода ҳамёза кашид. Вай ба майли хотир, дастонашро боло бардошта ҳамёзакашӣ мекард.
Сиёҳак ҳамвора гарданашро аз банд халос кардан мехосту фарёд мезад. Овозаш ҳоло гирифта, хирросӣ гашта буд.
— Ҳой, қассоб-амак, бузи ин шўра овардед, аз қафоятон гириста омадаст, — гуфт зан бо овози баланд, ба як навъ оҳанги тантана гўё Дидор барои қассоби сиёҳҷурдаи ҳайкалвор ягон хушхабар оварда бошад. Баъд ба саг чашмаш афтоду хам шуда, аз замин чўбчаеро гирифта, ба он таҳдид кард: — Алопар, хез гум шав! Хез!
Саг коҳилона аз ҷояш бархосту бо тааҷҷуб ду-се бор ба зан нигарист ва якта-якта қадам монда ба қафои ҳавлӣ гузашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё